АКАДЕМИКҲОИ ВОҚЕЪИРО БИШНОСЕМ (3)
АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ (1908-1977), роҳбари Тоҷикистон ( 1946-1956), Қаҳрамони Тоҷикистон (1997), узви пайвасти Академияи илмҳои кишвар (1951), ходими хидматнишондодаи илмии Тоҷикистон (1967).
Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи беш аз 400 асару мақолаҳо дар бораи таърихи миллати тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Порис, Қарочӣ, Варшава ва ғайра бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Ин АКАДЕМИК мактаби бузурги эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузоштааст.
Корҳои бузурги Академик Бобоҷон Ғафуров дар илм хеле зиёд буда, як намунаи олии он навиштани китоби “Тоҷикон” аст. Дар ин асар, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои миллати тоҷик хидмати бузурге кардаасту мекунад, беш аз 2000 сарчашмаҳои илмӣ истифода шудаанд.
АКАДЕМИК БОҶОН ҒАФУРОВ шахсияти эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон буда, яке аз хушноматарин шахсиятҳои илмӣ-сиёсии тоҷикон мебошад.
(Дар як навори алоҳида рӯзҳои наздик дар бораи ин академики воқеъӣ ҳарф хоҳем зад)
PS: АКАДЕМИК БОБОҶОНҒАФУРОВ ОЛиМ ВА ДОНИШМАНДИ ҲАҚИҚӢ БУДА, БА АСАРДУЗДӢ Ё ҲАМОН “ПЛАГИАТ” МУТАҲАМ НАШУДААСТ ВА ШАХСИЯТИ ИЛМИИ ЭЪТИРОФШУДА ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶ МЕБОШАД!
آکادمیکهای واقعی را بشناسیم (۳)
آکادمیک باباجان غفوروف (۱۹۷۷-۱۹۰۸)، رهبر تاجیکستان (۱۹۹۶-۱۹۴۶)، قهرمان تاجیکستان (۱۹۹۷)، عضو پیوسته ای آکادمی علوم کشور (۱۹۵۱)، خادم خدمتنشانداده ای علمی تاجیکستان (۱۹۶۷).
آکادمیک باباجان غفوروف مولف بیش از ۴۰۰ اثر و مقاله درباره تاریخ ملت تاجیک و تاریخ عمومی جهان میباشد که در نشریات مختلف دنیا به چاپ رسیدهاند. آثار او به زبانهای مختلف در دهلی، برلین، تهران، پکن، آتن، کابل، پاریس، کراچی، ورشو و غیره به تعداد زیاد منتشر شدهاند.
این آکادمیک مکتب بزرگ و به رسمیتشناختهشده شرقشناسی را بنیان نهاده است.
کارهای بزرگ آکادمیک باباجان غفوروف در علم بسیار زیاد بوده و یکی از نمونههای برجسته آن نوشتن کتاب «تاجیکان» است. در این اثر، که در لحظات سرنوشتساز برای ملت تاجیک خدمت بزرگی کرده و میکند، بیش از ۲۰۰۰ منبع علمی استفاده شده است.
آکادمیک باباجان غفوروف شخصیتی به رسمیت شناختهشده در سطح جهانی بوده و یکی از خوشنامترین شخصیتهای علمی-سیاسی تاجیکان میباشد.
(در یک ویدیوی جداگانه به زودی درباره این آکادمیک واقعی صحبت خواهیم کرد)
یادداشت: آکادمیک باباجان غفوروف دانشمند و عالم واقعی بوده، به دزدی علمی یا همان «پ«پلاگیات» متهم نشده است و شخصیتی علمی به رسمیت شناختهشده در داخل و خارج میباشد!
Let’s Get to Know the Real Academics (3)
Academician Bobojon Gafurov (1908–1977), leader of Tajikistan (1946–1956) Hero of Tajikistan (1997), full member of the National Academy of Sciences (1951), Honored Scientist of Tajikistan (1967).
Academician Bobojon Gafurov is the author of over 400 works and articles on the history of the Tajik nation and world history, which have been published in various international journals. His works have been widely published in Delhi, Berlin, Tehran, Beijing, Athens, Kabul, Paris, Karachi, Warsaw, and elsewhere in multiple languages.
This ACADEMICIAN established a great and recognized school of Oriental Studies.
Academician Bobojon Gafurov’s contributions to science are immense, with one outstanding example being the writing of the book "The Tajiks". This work, which served and continues to serve the Tajik nation in decisive moments of its history, is based on over 2,000 scholarly sources.
ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV is a globally recognized figure and one of the most reputable scholarly and political personalities of the Tajik people.
(A separate video about this real academician will be released in the coming days)
PS: ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV was a true scientist and scholar, never accused of academic dishonesty or “plagiarism,” and is a recognized academic personality both domestically and internationally!
Устод Айнӣ: «Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад» Як маълумот барои касоне ки намедонанд ва ё фаромӯш кардаанд.
Аз вақте ки истеъмори ҷаҳонӣ барои ғасби олам камар баст, сарзамине намонд ки қадами наҳси онҳо нарасида бошад. Тамоми кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико (ҳатто ҳамин Иёлоти муттаҳида) ва Австралия ба мустаъмара табдил ёфтанд. Баъзе кишварҳо комилан мустаъмара шуданд (мисли Ҳиндустону Осиёи Миёна) баъзе кишварҳо ниммустаъмара гаштанд (чун Эрон). Сарнавишти ғамангези истеъмори ҷаҳонӣ, ки бо ғуломфурӯшиву тороҷу таҷовуз ва ҳатто наслкушии бемисл ҳамроҳ буд саҳифаи сиёҳи таърихи башар аст. Намунааш қатли оми бумиёни амрикост. Соли 2011 дар як семинари таърихшиносон иштирок доштам. Як муаррихи амрикоӣ, ки аз боқимондаи бумиён буд, вақте аз ин трожедӣ сухан мекард, чанд бор рӯяшро бо дастонаш мепӯшиду, лаҳзае пас медидем, ки селоби ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Ҳатто ин сухани ӯ дар ёдам монда, ки ба аҳли толор ки ҳама сафедпӯстон буданд, нигоҳ карда гуфт: “Нороҳат нашавед, аммо ман ба ҳамаи сафедпӯстон нафрат дорам, зеро ҳамқавмони маро бо бераҳмӣ куштанду сарзаминашро аз ӯ рабуданд!”
Дар асри 19 дар қудрати Эрон хонадони Қоҷор салтанат дошт, ки шоҳони он беурзаву айёш буданд. Зери таъсири Британия ва рӯзномаҳое ки бо ишораи он дар Мисру Усмониву Ҳинд нашр мегаштанд, шоҳи Эрон маҷбур шуд дар кишвар Маҷлис (порлумон) таъсис диҳад. Русия аз шимол ва Британия аз ҷануб Эронро таҳти фишор гузошта, соли 1907 онро байни худ тақсим карданд. Аммо ин ҳамранги бо Британияву қисман Русия низ шоҳи Қоҷорро наҷот надод ва дар соли 1925 бо ёрии Британия Ризохони афсар, ки баъд Ризошоҳ шуд, ба қудрат расид.
Ризошоҳ, ки барои дудмони худ исми Паҳлавиро баргузид, меъмори Эрони навин аст. Бонку рӯзномаву роҳи оҳану донишгоҳро ӯ ба Эрон овард. Ризошоҳ таҳқиру тавҳини ангилисҳову русҳо дар ҳаводиси як қарни охир ва хусусан тақсимоти соли 1907-и Эрон аз ҷониби ду кишварро фаромӯш накарда буд. Бо қудрат ёфтани Ҳитлер дар Олмон Ризошоҳ ба ҷониби ӯ майл кард ва соли 1936 номи кишварро, ки то он дам Порс (Персия) хонда мешуд, Эрон кард (шояд бо машварати давлати Ҳитлер: Ба ёд оред идеология ориёпарастии Олмони нозиро). Ин ҳаракати ӯ ва рафту омади кормандони хадамоти гуногуни Олмон хашми мутаффиқин – Британия ва Шӯравиро овард ва тобистони соли 1941 Ризошоҳи ҳамеша моил ба Аврупоро мутаффиқин аз тахт барканор карда, ба як гӯшаи дурдаст дар Африқои Ҷанубӣ табъид карданд. Ӯ ҳамон ҷо дар хориву зорӣ ба ёди Эрон ҷон дод.
Писари бистсолааш Муҳаммадризоро ба ҷойи ӯ гумоштанд. Писар, ки саранҷоми падарро хуб медонист, солҳо бар муроди Британия ва сипас ИМА кор кард, беҳтарин робитаро бо Исроили навтаъсис барқарор сохт. Ҳамин кишварҳои ғарбӣ қарор карданд, ки дар Эрон нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд карда шавад. Кор ҳам оғоз шуд. Эрон, ки яке аз содиркунандагони нафт дар ҷаҳон буд, ба дунболи қудрати минтақаӣ шудан уфтод. Солҳои 70-ум, Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки сарвати ҳангуфт аз даромади нафт ба даст оварда буд, ба натиҷае расид, ки бояд истиқлоли бештар дошта бошад. Хостори хариди саҳмияҳои компанияҳои бузурги ҷаҳонӣ шуд ва шуруъ ба гузарондани ислоҳоти кишоварзиву иҷтимоӣ. Ҳамин кор сари ӯро хурд ва боз ҳамин гургони истеъмор – Британия ва ИМА (бо ҳамоҳангии дигар ёрони аврупоии худ) ба натиҷае расиданд, ки ин шоҳро низ бояд барандохт, ки “дарди сар мешавад”. Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз моҷароҷӯиву дасисаҷӯӣ дар Эрон канор намонд. Он ҷо ҳизби Туда бо ормонҳои марксистӣ амал мекард, ки дар инқилоби соли 1979, ки ба барандозии шоҳ мунҷар шуд, нақши калидиро дошт. Ҳамин тавр, шоҳ суқут кард ва руҳониён сари қудрат омаданд.
Сарвари руҳониён Оятуллоҳ Хумайнӣ аз Фаронса, ки солҳои охир дар он ҷо паноҳандагӣ дошт, ба Эрон омад. Истеъмори ҷаҳонӣ (Британия, Фаросна, ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ) ҳар кадом бо аҳроме фишор мехостанд муллоҳои содаву умре давлатнадидаро зери нуфузи худ оранд. ИМА ҳатто шоҳи ғарбгарои сарнагуншуда Муҳаммадризо Паҳлавиро ба кишвараш роҳ надод, то мавриди хашми режими ҷадид нашавад. Фаронса низ, ки дар илму фарҳангу мошинсозии Эрони онзамон нақши калидӣ дошт, ба умед буд. Британия гумон дошт, хидматҳои ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки раҳбари блоки шарқ буд аз инқилоби зиддиимпериалистии Эрон истиқбол карда, шиорҳои зиддиғарбиву зиддиамрикоии инқилобиёни Эронро таблиғ мекард (барномаҳои вижаи радио ва телевизиони Шӯравӣ, ки падари худобиёмурзам пайгирӣ мекарданд, дар ёди мани он замон 8 сола низ нақш бастааст). Раҳбари инқилоби Эрон Хумайнӣ бо шиори “на ғарбӣ, на шарқӣ” пушт ба ҳар ду блок кард ва роҳи истиқлоли Эронро пеш гирифт. Ин ба намояндагони шарқу ғарб ки ҷаҳонро пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум миёни худ тақсим карда буданд, хуш наёмад. Як сол пас аз инқилоб бо таҳрику ёрии низомии ИМА ва Шӯравӣ Ироқ ба Эрон ҳамла кард ва буду набуди Эрон дар ин ҷанг барбод шуд. Аммо шерони эронӣ ба по хостанд ва дар давоми ҳашт соли дифоъ хоки Эрон аз таҷовузи лашкари Саддом ҳифз гардид.
Давраи бозсозии баъдиҷангии Эрон шуруъ шуд. Ғарб ҳам даст ба кор шуду шуруъ кард ба таҳрими Эрон. Аввалин таҳримро амрикоиҳо соли 1980 нисбати Эрон ҷорӣ карда, додани қарзро ба ин кишвар мамнуъ сохтанд. Дар давоми 45 соли охир ин кишвар дар шароити сахти таҳримҳо, ки тадриҷан шиддат мегирифт, қарор дорад. Аммо Эрони истиқлолхоҳ зери бори ин таҳримҳо нарафт ва истиқлоли худро ҳифз кард. Шояд ҳеч кишвари ҷаҳони ислом мисли Эрон сарфарозу истиқлоёфта набошад. На ҷузви созмони низомӣ аст (ҳамчун Туркия), на вобастаи ягон қудрати дигар (мисли Сурия ва Кувайт). Мисри як замон қудратманд аз вақти бастани паймони Кэмп-Девид на дар миёни кишварҳои арабӣ ва на дар ҷаҳони ислом обруву нуфузе надорад. Чанд рӯз қабл “Алҷазира” навореро нишон медод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи мисрӣ намегузоштанд мусулмононе ки мехостанд ба гурӯснагони Ғазза маводи ғизоӣ таҳвил диҳанд, вориди марз шаванд. Аз хашми ИМА ва Исроил! Режими кунунии Туркия, ки бо шиори “исломгароӣ” ба қудрат расид, фаромӯш кардааст, ки пас аз Эрон ҳатман навбати ӯ мерасад. Инро фаромӯш накунем! Истеъмори ҷаҳонӣ ҳамаи кишварҳои мусулмониро, ки сару сомоне пайдо кунанд,ба хоку хун менишонад. Дирӯз Ироқу Либиву Сурия, имрӯз Эрон ва фардо навбати дигарон! Барои барандозӣ ҳам шиорҳои гуногунро матраҳ мекунад: якеро диктотур мехонаду дигареро ба сохтани яроқи ҳастаӣ муттаҳам месозад.
Ба мардуми Эрон сахт гузашт ва мегузарад. Ғарб намехоҳад бифаҳмад, ки ЭРОН ИСТИҚЛОЛ МЕХОҲАД! Устод Садриддин Айнӣ сад сол пеш дар як мақолаи худ роҷеъ ба истеъморситезиву озодипарастии мардуми Эрон ин сухани таърихиро навишта буд, ки “Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад”. Пас ҳар эронӣ ки дар таърих ба қудрат расид, фикри истиқлол доштаву хоҳад дошт! Эрони имрӯз ҳам аз истиқлоли худ дифоъ мекунад.
Баъзе ҳамватанони мо дар ҳамин шабу рӯзе ки масъалаи буду набуди Эрон ҳал мешавад, хомтабъонаву душманмаобона аз вуҷуди режиме “нохуб” дар кишвари ҳамзабони мо сухан мекунанд. Инҳо фикр мекунанд, ки агар охунд рафту як галстукдор омад, истиқлолу озодиву рифоҳ ба дунболаш мерасад! Магар раҳбари Урдун бо либоси аврупоиву хонумаш Рания Абдулло мисли як зани фаронсавӣ либос ба бар надорад? Аммо куҷост истиқлоли ин кишвар, ки бе иҷозати ғарбиҳо як қадам барнамедоранд. Ё кишварҳои Саудиву Қатар магар низоми демократӣ ё ҷумҳурӣ доранд? Барои истеъмори қадиму ҷадид дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳони ислом як асл вуҷуд дорад – ТУ БОЯД БОҶ ДИҲӢ! Сарнавишти режими Эронро мардуми он таъйин мекунад. Имрӯзу ин соат вақти гуфтани ин ҳарфҳо нест. Мо қудрати низомии ба бародари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ ёрӣ расондан надорем. Ҳамин ки давлат ва мардуми мо ҳамраъйи Эронанд кори каме нест. Душман душман аст, чи бо парчами сиёҳ ояд чӣ бо сабзу сафед. Душман ба ҳарими хоки Эрон таҷовуз карда! Кадом душман бар ҳукумате пирӯз шуду мардуми онро озодӣ бахшид? Искандар? Қутайба? Чингизхон? Ё Ленине ки дар рӯзҳои нахустини инқилобаш бо эъломияе “Ба мусулмонони шарқ” муроҷиат карду пас аз пирӯзӣ на ба сарзамине истиқлол доду на мардумеро озод гузошт!? Ё амрикоиҳо ки дар Хуросон толибро ба қудрат нишонданд, магар онҳоро ҳамин тур раҳо кардаанд? Гурӯҳе ки бо шиорҳои исломӣ қудратро ғасб карда бар парчами худ шаҳодатайнро навишта, на дар қазияи мусулмонони Ғазза на дар дифоъ аз ҳамсоякишвари худ Эрон наметавонад лом гӯяд! Чун вобаста асту қудратро аз истеъмор гирифта!
Иддае аз эрониёни фурӯхташудаву беҳувият ба ҷои синаро сипар кардану дар муқобили душман истодан, каф мезананду бо аду ҳамкорӣ мекунанд. Руятон сиёҳ! Намунааш ҳамин писари кавдани Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки рӯзе падарашро ғарбиҳо кидат карданду дарбадар сохтанд. Ӯ чанде пеш зери девори нудба дар Қудси ишғолӣ ҳамранги яҳуд шудаву ба сар кипа гузошт. Акнун бо ёрии онҳо мехоҳад кишварашро “озод” кунад. Хок бар даҳонат лошахор! Ин рӯзҳо мегузаранду Эрон мемонад. Ҳарчанд имрӯз Эрон танҳост! Эронӣ низ пойбарҷост! Як ҳамватани мо аз Эрон навишт, ки тааҷҷуб мекунам аз сабру истиқомати эрониён, гӯё чизе нашуда бошад, ҳама механданду аз пирӯзӣ ҳарф мезананд. Эронӣ дар сарзамини худ ба сар мебарад. Онҳоро ҳамчун яҳудиҳо кишварҳои пирӯзи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бардошта оварда бо номи Исроил дар қалби Шарқ ҷой накарда, мусаллаҳ насохтаанду ҳамчун саги ҳор раҳо накардаанд. Дар ҳафтоду анд соли таъсиси худ Исроил 6 бор (1948, 1956, 1967, 1982, 2006, 2023) бо ҳамсоягон ҷангида, кишварҳояшонро хароб ва мардону занонашро кушта. Шуруъкунандаи ин ҷанг ҳам Исроил аст. ИМА ҳам ҳамроҳу ҳамразму ҳамсафари он. Дар ҳимоят аз ин кишвар ҳеч чизро дареғ намедорад!
Биёед як бор сангро бар синаи худ занем. Агар кишваре бо ҳар шиоре ба Тоҷикистони мо ҳамла орад, мо бояд мубориза набарем? Мусаллаҳ нашавем? Ҷавоби бамисл надиҳем? Ба ёрии артишу сипоҳи кишвар басиҷ нагардему дар канори онҳо наистем? Ё шуруъ кунем ба кофтани иллати дохиливу гиребони якдигарро гирифтан? Поянда бод Эрон! Зинда бод Тоҷикистон!
Дар ту мепечам чу гул бар буттае, Хонаи имони ман, меоди ман!
Устод Лоиқ
ریشه من منشاء اجداد من اصل من ایران من بنلاد من جان ما چون رشته دو بافت است بافت من تار و پود یاد من گر نباشی سینه ما می درد دشمن ایمان من – جلاد من چند غافل ماندی از درد دلم یک توئی امروز هم فریاد من بعد سامانی مرا سامان نماند باد بر کف شد هنر آباد من از فرارود این همه غافل مباش دست رستم یاز بر امداد من نور جام جم بیافکن بر دلم شادمان کن این دل ناشاد من هر در تو مصدر لفظ دریست مکتب من ، مذهب من ، داد من ما همه جمع پریشان توایم ای تو هم سرواده و سرواد من من اگر ره گم زدم در راه خویش شادمانم که توئی ارشاد من خود تو بتوانی گرامی داشتن یشت من ، زردشت من ، انشاد من آتش زردشت در چشمان توست آتش عشق نخست ایجاد من تا به درگاه ابد خواهد رسید “مثنوی “و " شاهنامه " زاد من می رسد بر چرخ از گلدسته هات آه من ، افغان من ، فریاد من باد شرطه گر نبود از سوی تو ای دریغ از کوشش بر باد من خامی ما را تو خواهی پخته کرد کوره من ، کاوه حداد من ضمن نام تو به فردا می برد توشه تاریخ را اولاد من در تو می بینم کمال آل خویش ای ز صلصال ازل همزاد من در تو می پیچم چو گل بر بته ای خانه ایمان من ، میعاد من استاد لایق
Султон Умаров (1908-1964), физикдон, номзади илмҳои физикаву математика ва дуввумин президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон баъд аз вафоти устод Садриддин Айнӣ.
Ӯ хидматҳои бузурге дар соҳаи илми физика ва математика дар Тоҷикистон ва Узбакистон анҷом дода, яке аз поягузорони илми муосир дар ин кишварҳо мебошад. АКАДЕМИК Султон Умаров аз аввалин номзадҳои илмҳои физикаю математика дар Осиёи Марказӣ ҳам ба ҳисоб меравад.
Соли 1957 баъд аз вафоти устод Айнӣ, аввалин президенти Академияи илмҳо Тоҷикистон олимони тоҷик якдилона Султон Умаровро президенти ин ниҳод интихоб карданд ва то соли 1964 дар ин мақом кор кард.
Ҳамчун як донишманди барҷаста АКАДЕМИК Султон Умаров соҳиби даҳҳо китобу мақолаву монаграфияҳои илмӣ дар соҳаи физикаву математика мебошад, ки бо ин ҳама ӯ натанҳо дар илми тоҷик балки дар ташаккули илми ҷаҳон низ нақши худро гузоштааст.
PS: АКАДЕМИК Султон Умаров ягон вақт ба асардуздӣ ё “плагиат” мутаҳам нашудааст. Олимону донишмандони дохилу хориҷ ба кору фаъолиятҳои ӯ баҳои баланд дода, Султон Умаровро яке аз асосгузорони илми муосир дар Тоҷикистон ва Узбакистон медонанд.
آکادمیک های واقعی را بشناسیم!
شماره ۲
سلطان عمروف (۱۹۰۸-۱۹۶۴)، فیزیکدان، نامزد علوم فیزیک و ریاضیات و دومین رئیس آکادمی علوم تاجیکستان پس از وفات استاد سدرالدین عینی.
او خدمتهای بزرگی در سنت علم فیزیک و ریاضیات در تاجیکستان و ازبکستان انجام داده و یکی از بنیانگذاران علم معاصر در این کشورها میباشد. آکادمیک سلطان عمروف از اولین نامزدهای علوم فیزیک و ریاضیات در آسیای مرکزی نیز به حساب میرود.
سال ۱۹۵۷ بعد از وفات استاد عینی، اولین رئیس آکادمی علوم تاجیکستان، عالمان تاجیک یک دلانه سلطان عمروف را پرزیدنت این نهاد انتخاب کردند و او تا سال ۱۹۶۴ در این مقام کار کرد.
همچون یک دانشمند برجسته، آکادمیک سلطان عمروف صاحب دهها کتاب، مقاله و مونوگرافی علمی در زمینه فیزیک و ریاضیات میباشد که با این همه او نه تنها در علم تاجیک بلکه در شکلگیری علم در جهان نیز نقش خود را گذاشته است.
آکادمیک سلطان عمروف هیچگاه به اثر دزدی یا "پلاگیات" متهم نشده است. عالمان و دانشمندان داخل و خارج به کار و فعالیتهای او بهای بلند داده، سلطان عمروف را یکی از اساسگزاران علم معاصر در تاجیکستان و ازبکستان میدانند.
LET'S GET TO KNOW TRUE ACADEMICIANS! № 2
SULTON UMAROV (1908-1964), Physicist, Candidate of Physics and Mathematics, and the Second President of the Academy of Sciences of Tajikistan after the death of Ustod Sadriddin Aini.
Sulton Umarov, a physicist and mathematician, made significant contributions to the fields of physics and mathematics in Tajikistan and Uzbekistan. He is considered one of the founders of modern science in these countries. Academician Sulton Umarov is also one of the first candidates in the fields of physics and mathematics in Central Asia.
In 1957, after the death of Ustod Aini, the first president of the Academy of Sciences of Tajikistan, Tajik scholars unanimously elected Sulton Umarov as the president of the institution, and he held this position until 1964.
As an outstanding scholar, Academician Sulton Umarov authored numerous books, articles, and monographs in the fields of physics and mathematics, contributing not only to Tajik science but also to the development of world science.
PS: Academician Sulton Umarov was never accused of plagiarism or "plagiarism." Scholars and scientists both inside and outside the country have highly evaluated his work, and Sulton Umarov is considered one of the founders of modern science in Tajikistan and Uzbekistan.
Kitobkhon
Ҳақиқатҳои Ғазза аз нақли як бонуи рӯзноманигор
Бонуе ки дар ҷавонӣ шоҳиди наслкушӣ шуд ва ин воқеиятро ба ҷаҳониён нишон медиҳад. Мехоҳад ҷаҳониён ҳақиқати Ғаззаро онгуна ки ҳаст, бубинанд. Муаллифи китоби "Чашмҳои Ғазза" Плестиа ал-Ақод умед дорад ки наслҳои оянда китобашро мехонанд, аммо дар як Фаластини ором ва озод.
Баррасии ин китоб дар "Як китоби хонданӣ":
2 weeks ago | [YT] | 11
View 0 replies
Kitobkhon
Шарҳи китоби "Кимиёгар"-и Пауло Коэло
1 month ago | [YT] | 11
View 0 replies
Kitobkhon
"Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз" - русҳо дар бораи Аҳмадшоҳи Масуъд китоб навиштанд
1 month ago | [YT] | 19
View 0 replies
Kitobkhon
Гузориши "Азия-Плюс" дар бораи мустанади "Фарзанди Бухоро - Родмарди Хуросон"
asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20250822/farzan…
1 month ago | [YT] | 159
View 9 replies
Kitobkhon
Шумо ин мустанадро тамошо кардед?
#Муҳаммадҷон_Шакурии_Бухороӣ
#Фарзанди_Бухоро
#Родмарди_Хуросон
#Китобхон
#Андеша
1 month ago | [YT] | 20
View 1 reply
Kitobkhon
АКАДЕМИКҲОИ ВОҚЕЪИРО БИШНОСЕМ (3)
АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ (1908-1977), роҳбари Тоҷикистон ( 1946-1956), Қаҳрамони Тоҷикистон (1997), узви пайвасти Академияи илмҳои кишвар (1951), ходими хидматнишондодаи илмии Тоҷикистон (1967).
Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи беш аз 400 асару мақолаҳо дар бораи таърихи миллати тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Порис, Қарочӣ, Варшава ва ғайра бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Ин АКАДЕМИК мактаби бузурги эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузоштааст.
Корҳои бузурги Академик Бобоҷон Ғафуров дар илм хеле зиёд буда, як намунаи олии он навиштани китоби “Тоҷикон” аст. Дар ин асар, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои миллати тоҷик хидмати бузурге кардаасту мекунад, беш аз 2000 сарчашмаҳои илмӣ истифода шудаанд.
АКАДЕМИК БОҶОН ҒАФУРОВ шахсияти эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон буда, яке аз хушноматарин шахсиятҳои илмӣ-сиёсии тоҷикон мебошад.
(Дар як навори алоҳида рӯзҳои наздик дар бораи ин академики воқеъӣ ҳарф хоҳем зад)
PS: АКАДЕМИК БОБОҶОНҒАФУРОВ ОЛиМ ВА ДОНИШМАНДИ ҲАҚИҚӢ БУДА, БА АСАРДУЗДӢ Ё ҲАМОН “ПЛАГИАТ” МУТАҲАМ НАШУДААСТ ВА ШАХСИЯТИ ИЛМИИ ЭЪТИРОФШУДА ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶ МЕБОШАД!
آکادمیکهای واقعی را بشناسیم (۳)
آکادمیک باباجان غفوروف (۱۹۷۷-۱۹۰۸)، رهبر تاجیکستان (۱۹۹۶-۱۹۴۶)، قهرمان تاجیکستان (۱۹۹۷)، عضو پیوسته ای آکادمی علوم کشور (۱۹۵۱)، خادم خدمتنشانداده ای علمی تاجیکستان (۱۹۶۷).
آکادمیک باباجان غفوروف مولف بیش از ۴۰۰ اثر و مقاله درباره تاریخ ملت تاجیک و تاریخ عمومی جهان میباشد که در نشریات مختلف دنیا به چاپ رسیدهاند. آثار او به زبانهای مختلف در دهلی، برلین، تهران، پکن، آتن، کابل، پاریس، کراچی، ورشو و غیره به تعداد زیاد منتشر شدهاند.
این آکادمیک مکتب بزرگ و به رسمیتشناختهشده شرقشناسی را بنیان نهاده است.
کارهای بزرگ آکادمیک باباجان غفوروف در علم بسیار زیاد بوده و یکی از نمونههای برجسته آن نوشتن کتاب «تاجیکان» است. در این اثر، که در لحظات سرنوشتساز برای ملت تاجیک خدمت بزرگی کرده و میکند، بیش از ۲۰۰۰ منبع علمی استفاده شده است.
آکادمیک باباجان غفوروف شخصیتی به رسمیت شناختهشده در سطح جهانی بوده و یکی از خوشنامترین شخصیتهای علمی-سیاسی تاجیکان میباشد.
(در یک ویدیوی جداگانه به زودی درباره این آکادمیک واقعی صحبت خواهیم کرد)
یادداشت: آکادمیک باباجان غفوروف دانشمند و عالم واقعی بوده، به دزدی علمی یا همان «پ«پلاگیات» متهم نشده است و شخصیتی علمی به رسمیت شناختهشده در داخل و خارج میباشد!
Let’s Get to Know the Real Academics (3)
Academician Bobojon Gafurov (1908–1977), leader of Tajikistan (1946–1956) Hero of Tajikistan (1997), full member of the National Academy of Sciences (1951), Honored Scientist of Tajikistan (1967).
Academician Bobojon Gafurov is the author of over 400 works and articles on the history of the Tajik nation and world history, which have been published in various international journals. His works have been widely published in Delhi, Berlin, Tehran, Beijing, Athens, Kabul, Paris, Karachi, Warsaw, and elsewhere in multiple languages.
This ACADEMICIAN established a great and recognized school of Oriental Studies.
Academician Bobojon Gafurov’s contributions to science are immense, with one outstanding example being the writing of the book "The Tajiks". This work, which served and continues to serve the Tajik nation in decisive moments of its history, is based on over 2,000 scholarly sources.
ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV is a globally recognized figure and one of the most reputable scholarly and political personalities of the Tajik people.
(A separate video about this real academician will be released in the coming days)
PS: ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV was a true scientist and scholar, never accused of academic dishonesty or “plagiarism,” and is a recognized academic personality both domestically and internationally!
3 months ago | [YT] | 200
View 23 replies
Kitobkhon
Устод Айнӣ: «Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад»
Як маълумот барои касоне ки намедонанд ва ё фаромӯш кардаанд.
Аз вақте ки истеъмори ҷаҳонӣ барои ғасби олам камар баст, сарзамине намонд ки қадами наҳси онҳо нарасида бошад. Тамоми кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико (ҳатто ҳамин Иёлоти муттаҳида) ва Австралия ба мустаъмара табдил ёфтанд. Баъзе кишварҳо комилан мустаъмара шуданд (мисли Ҳиндустону Осиёи Миёна) баъзе кишварҳо ниммустаъмара гаштанд (чун Эрон). Сарнавишти ғамангези истеъмори ҷаҳонӣ, ки бо ғуломфурӯшиву тороҷу таҷовуз ва ҳатто наслкушии бемисл ҳамроҳ буд саҳифаи сиёҳи таърихи башар аст. Намунааш қатли оми бумиёни амрикост. Соли 2011 дар як семинари таърихшиносон иштирок доштам. Як муаррихи амрикоӣ, ки аз боқимондаи бумиён буд, вақте аз ин трожедӣ сухан мекард, чанд бор рӯяшро бо дастонаш мепӯшиду, лаҳзае пас медидем, ки селоби ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Ҳатто ин сухани ӯ дар ёдам монда, ки ба аҳли толор ки ҳама сафедпӯстон буданд, нигоҳ карда гуфт: “Нороҳат нашавед, аммо ман ба ҳамаи сафедпӯстон нафрат дорам, зеро ҳамқавмони маро бо бераҳмӣ куштанду сарзаминашро аз ӯ рабуданд!”
Дар асри 19 дар қудрати Эрон хонадони Қоҷор салтанат дошт, ки шоҳони он беурзаву айёш буданд. Зери таъсири Британия ва рӯзномаҳое ки бо ишораи он дар Мисру Усмониву Ҳинд нашр мегаштанд, шоҳи Эрон маҷбур шуд дар кишвар Маҷлис (порлумон) таъсис диҳад. Русия аз шимол ва Британия аз ҷануб Эронро таҳти фишор гузошта, соли 1907 онро байни худ тақсим карданд. Аммо ин ҳамранги бо Британияву қисман Русия низ шоҳи Қоҷорро наҷот надод ва дар соли 1925 бо ёрии Британия Ризохони афсар, ки баъд Ризошоҳ шуд, ба қудрат расид.
Ризошоҳ, ки барои дудмони худ исми Паҳлавиро баргузид, меъмори Эрони навин аст. Бонку рӯзномаву роҳи оҳану донишгоҳро ӯ ба Эрон овард. Ризошоҳ таҳқиру тавҳини ангилисҳову русҳо дар ҳаводиси як қарни охир ва хусусан тақсимоти соли 1907-и Эрон аз ҷониби ду кишварро фаромӯш накарда буд. Бо қудрат ёфтани Ҳитлер дар Олмон Ризошоҳ ба ҷониби ӯ майл кард ва соли 1936 номи кишварро, ки то он дам Порс (Персия) хонда мешуд, Эрон кард (шояд бо машварати давлати Ҳитлер: Ба ёд оред идеология ориёпарастии Олмони нозиро). Ин ҳаракати ӯ ва рафту омади кормандони хадамоти гуногуни Олмон хашми мутаффиқин – Британия ва Шӯравиро овард ва тобистони соли 1941 Ризошоҳи ҳамеша моил ба Аврупоро мутаффиқин аз тахт барканор карда, ба як гӯшаи дурдаст дар Африқои Ҷанубӣ табъид карданд. Ӯ ҳамон ҷо дар хориву зорӣ ба ёди Эрон ҷон дод.
Писари бистсолааш Муҳаммадризоро ба ҷойи ӯ гумоштанд. Писар, ки саранҷоми падарро хуб медонист, солҳо бар муроди Британия ва сипас ИМА кор кард, беҳтарин робитаро бо Исроили навтаъсис барқарор сохт. Ҳамин кишварҳои ғарбӣ қарор карданд, ки дар Эрон нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд карда шавад. Кор ҳам оғоз шуд. Эрон, ки яке аз содиркунандагони нафт дар ҷаҳон буд, ба дунболи қудрати минтақаӣ шудан уфтод. Солҳои 70-ум, Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки сарвати ҳангуфт аз даромади нафт ба даст оварда буд, ба натиҷае расид, ки бояд истиқлоли бештар дошта бошад. Хостори хариди саҳмияҳои компанияҳои бузурги ҷаҳонӣ шуд ва шуруъ ба гузарондани ислоҳоти кишоварзиву иҷтимоӣ. Ҳамин кор сари ӯро хурд ва боз ҳамин гургони истеъмор – Британия ва ИМА (бо ҳамоҳангии дигар ёрони аврупоии худ) ба натиҷае расиданд, ки ин шоҳро низ бояд барандохт, ки “дарди сар мешавад”. Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз моҷароҷӯиву дасисаҷӯӣ дар Эрон канор намонд. Он ҷо ҳизби Туда бо ормонҳои марксистӣ амал мекард, ки дар инқилоби соли 1979, ки ба барандозии шоҳ мунҷар шуд, нақши калидиро дошт. Ҳамин тавр, шоҳ суқут кард ва руҳониён сари қудрат омаданд.
Сарвари руҳониён Оятуллоҳ Хумайнӣ аз Фаронса, ки солҳои охир дар он ҷо паноҳандагӣ дошт, ба Эрон омад. Истеъмори ҷаҳонӣ (Британия, Фаросна, ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ) ҳар кадом бо аҳроме фишор мехостанд муллоҳои содаву умре давлатнадидаро зери нуфузи худ оранд. ИМА ҳатто шоҳи ғарбгарои сарнагуншуда Муҳаммадризо Паҳлавиро ба кишвараш роҳ надод, то мавриди хашми режими ҷадид нашавад. Фаронса низ, ки дар илму фарҳангу мошинсозии Эрони онзамон нақши калидӣ дошт, ба умед буд. Британия гумон дошт, хидматҳои ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки раҳбари блоки шарқ буд аз инқилоби зиддиимпериалистии Эрон истиқбол карда, шиорҳои зиддиғарбиву зиддиамрикоии инқилобиёни Эронро таблиғ мекард (барномаҳои вижаи радио ва телевизиони Шӯравӣ, ки падари худобиёмурзам пайгирӣ мекарданд, дар ёди мани он замон 8 сола низ нақш бастааст). Раҳбари инқилоби Эрон Хумайнӣ бо шиори “на ғарбӣ, на шарқӣ” пушт ба ҳар ду блок кард ва роҳи истиқлоли Эронро пеш гирифт. Ин ба намояндагони шарқу ғарб ки ҷаҳонро пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум миёни худ тақсим карда буданд, хуш наёмад. Як сол пас аз инқилоб бо таҳрику ёрии низомии ИМА ва Шӯравӣ Ироқ ба Эрон ҳамла кард ва буду набуди Эрон дар ин ҷанг барбод шуд. Аммо шерони эронӣ ба по хостанд ва дар давоми ҳашт соли дифоъ хоки Эрон аз таҷовузи лашкари Саддом ҳифз гардид.
Давраи бозсозии баъдиҷангии Эрон шуруъ шуд. Ғарб ҳам даст ба кор шуду шуруъ кард ба таҳрими Эрон. Аввалин таҳримро амрикоиҳо соли 1980 нисбати Эрон ҷорӣ карда, додани қарзро ба ин кишвар мамнуъ сохтанд. Дар давоми 45 соли охир ин кишвар дар шароити сахти таҳримҳо, ки тадриҷан шиддат мегирифт, қарор дорад. Аммо Эрони истиқлолхоҳ зери бори ин таҳримҳо нарафт ва истиқлоли худро ҳифз кард. Шояд ҳеч кишвари ҷаҳони ислом мисли Эрон сарфарозу истиқлоёфта набошад. На ҷузви созмони низомӣ аст (ҳамчун Туркия), на вобастаи ягон қудрати дигар (мисли Сурия ва Кувайт). Мисри як замон қудратманд аз вақти бастани паймони Кэмп-Девид на дар миёни кишварҳои арабӣ ва на дар ҷаҳони ислом обруву нуфузе надорад. Чанд рӯз қабл “Алҷазира” навореро нишон медод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи мисрӣ намегузоштанд мусулмононе ки мехостанд ба гурӯснагони Ғазза маводи ғизоӣ таҳвил диҳанд, вориди марз шаванд. Аз хашми ИМА ва Исроил! Режими кунунии Туркия, ки бо шиори “исломгароӣ” ба қудрат расид, фаромӯш кардааст, ки пас аз Эрон ҳатман навбати ӯ мерасад. Инро фаромӯш накунем! Истеъмори ҷаҳонӣ ҳамаи кишварҳои мусулмониро, ки сару сомоне пайдо кунанд,ба хоку хун менишонад. Дирӯз Ироқу Либиву Сурия, имрӯз Эрон ва фардо навбати дигарон! Барои барандозӣ ҳам шиорҳои гуногунро матраҳ мекунад: якеро диктотур мехонаду дигареро ба сохтани яроқи ҳастаӣ муттаҳам месозад.
Ба мардуми Эрон сахт гузашт ва мегузарад. Ғарб намехоҳад бифаҳмад, ки ЭРОН ИСТИҚЛОЛ МЕХОҲАД! Устод Садриддин Айнӣ сад сол пеш дар як мақолаи худ роҷеъ ба истеъморситезиву озодипарастии мардуми Эрон ин сухани таърихиро навишта буд, ки “Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад”. Пас ҳар эронӣ ки дар таърих ба қудрат расид, фикри истиқлол доштаву хоҳад дошт! Эрони имрӯз ҳам аз истиқлоли худ дифоъ мекунад.
Баъзе ҳамватанони мо дар ҳамин шабу рӯзе ки масъалаи буду набуди Эрон ҳал мешавад, хомтабъонаву душманмаобона аз вуҷуди режиме “нохуб” дар кишвари ҳамзабони мо сухан мекунанд. Инҳо фикр мекунанд, ки агар охунд рафту як галстукдор омад, истиқлолу озодиву рифоҳ ба дунболаш мерасад! Магар раҳбари Урдун бо либоси аврупоиву хонумаш Рания Абдулло мисли як зани фаронсавӣ либос ба бар надорад? Аммо куҷост истиқлоли ин кишвар, ки бе иҷозати ғарбиҳо як қадам барнамедоранд. Ё кишварҳои Саудиву Қатар магар низоми демократӣ ё ҷумҳурӣ доранд? Барои истеъмори қадиму ҷадид дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳони ислом як асл вуҷуд дорад – ТУ БОЯД БОҶ ДИҲӢ! Сарнавишти режими Эронро мардуми он таъйин мекунад. Имрӯзу ин соат вақти гуфтани ин ҳарфҳо нест. Мо қудрати низомии ба бародари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ ёрӣ расондан надорем. Ҳамин ки давлат ва мардуми мо ҳамраъйи Эронанд кори каме нест. Душман душман аст, чи бо парчами сиёҳ ояд чӣ бо сабзу сафед. Душман ба ҳарими хоки Эрон таҷовуз карда! Кадом душман бар ҳукумате пирӯз шуду мардуми онро озодӣ бахшид? Искандар? Қутайба? Чингизхон? Ё Ленине ки дар рӯзҳои нахустини инқилобаш бо эъломияе “Ба мусулмонони шарқ” муроҷиат карду пас аз пирӯзӣ на ба сарзамине истиқлол доду на мардумеро озод гузошт!? Ё амрикоиҳо ки дар Хуросон толибро ба қудрат нишонданд, магар онҳоро ҳамин тур раҳо кардаанд? Гурӯҳе ки бо шиорҳои исломӣ қудратро ғасб карда бар парчами худ шаҳодатайнро навишта, на дар қазияи мусулмонони Ғазза на дар дифоъ аз ҳамсоякишвари худ Эрон наметавонад лом гӯяд! Чун вобаста асту қудратро аз истеъмор гирифта!
Иддае аз эрониёни фурӯхташудаву беҳувият ба ҷои синаро сипар кардану дар муқобили душман истодан, каф мезананду бо аду ҳамкорӣ мекунанд. Руятон сиёҳ! Намунааш ҳамин писари кавдани Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки рӯзе падарашро ғарбиҳо кидат карданду дарбадар сохтанд. Ӯ чанде пеш зери девори нудба дар Қудси ишғолӣ ҳамранги яҳуд шудаву ба сар кипа гузошт. Акнун бо ёрии онҳо мехоҳад кишварашро “озод” кунад. Хок бар даҳонат лошахор!
Ин рӯзҳо мегузаранду Эрон мемонад. Ҳарчанд имрӯз Эрон танҳост! Эронӣ низ пойбарҷост! Як ҳамватани мо аз Эрон навишт, ки тааҷҷуб мекунам аз сабру истиқомати эрониён, гӯё чизе нашуда бошад, ҳама механданду аз пирӯзӣ ҳарф мезананд. Эронӣ дар сарзамини худ ба сар мебарад. Онҳоро ҳамчун яҳудиҳо кишварҳои пирӯзи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бардошта оварда бо номи Исроил дар қалби Шарқ ҷой накарда, мусаллаҳ насохтаанду ҳамчун саги ҳор раҳо накардаанд. Дар ҳафтоду анд соли таъсиси худ Исроил 6 бор (1948, 1956, 1967, 1982, 2006, 2023) бо ҳамсоягон ҷангида, кишварҳояшонро хароб ва мардону занонашро кушта. Шуруъкунандаи ин ҷанг ҳам Исроил аст. ИМА ҳам ҳамроҳу ҳамразму ҳамсафари он. Дар ҳимоят аз ин кишвар ҳеч чизро дареғ намедорад!
Биёед як бор сангро бар синаи худ занем. Агар кишваре бо ҳар шиоре ба Тоҷикистони мо ҳамла орад, мо бояд мубориза набарем? Мусаллаҳ нашавем? Ҷавоби бамисл надиҳем? Ба ёрии артишу сипоҳи кишвар басиҷ нагардему дар канори онҳо наистем? Ё шуруъ кунем ба кофтани иллати дохиливу гиребони якдигарро гирифтан? Поянда бод Эрон! Зинда бод Тоҷикистон!
3 months ago (edited) | [YT] | 291
View 55 replies
Kitobkhon
Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.
Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,
Бофти ман, тору пуди ёди ман.
Гар набошӣ, синаи мо медарад
Душмани имони ман – ҷаллоди ман.
Чанд ғофил мондӣ аз дарди дилам,
Як туӣ имрӯз ҳамфарёди ман.
Баъди Сомонӣ маро сомон намонд,
Бод бар каф шуд ҳунарободи ман.
Аз Варорӯд ин ҳама ғофил мабош,
Дасти Рустам ёз бар имдоди ман.
Нури ҷоми Ҷам бияфкан бар дилам,
Шодмон кун ин дили ношоди ман.
Ҳар дари ту масдари лафзи дарист,
Мактаби ман, мазҳаби ман, доди ман.
Мо ҳама ҷамъи парешони туем,
Эй ту ҳам сарводаву сарводи ман.
Ман агар раҳгум задам дар роҳи худ,
Шодбахтам, ки туӣ иршоди ман.
Худ ту битвонӣ гиромӣ доштан
Яшти ман, Зардушти ман, иншоди ман.
Оташи Зардушт дар чашмони туст,
Оташи ишқи нахустэҷоди ман.
То ба даргоҳи абад хоҳад расид
«Маснавӣ»-ю «Шоҳнома»-зоди ман.
Мерасад бар чарх аз гулдастаҳот
Оҳи ман, афғони ман, фарёди ман.
Боди шурта гар набуд аз сӯи ту,
Эй дареғ аз кӯшиши барбоди ман.
Хомии моро ту хоҳӣ пухта кард,
Кӯраи ман, Коваи ҳаддоди ман.
Зимни номи ту ба фардо мебарад
Тӯшаи таърихро авлоди ман.
Дар ту мебинам камоли оли хеш,
Эй зи салсоли азал ҳамзоди ман.
Дар ту мепечам чу гул бар буттае,
Хонаи имони ман, меоди ман!
Устод Лоиқ
ریشه من منشاء اجداد من
اصل من ایران من بنلاد من
جان ما چون رشته دو بافت است
بافت من تار و پود یاد من
گر نباشی سینه ما می درد
دشمن ایمان من – جلاد من
چند غافل ماندی از درد دلم
یک توئی امروز هم فریاد من
بعد سامانی مرا سامان نماند
باد بر کف شد هنر آباد من
از فرارود این همه غافل مباش
دست رستم یاز بر امداد من
نور جام جم بیافکن بر دلم
شادمان کن این دل ناشاد من
هر در تو مصدر لفظ دریست
مکتب من ، مذهب من ، داد من
ما همه جمع پریشان توایم
ای تو هم سرواده و سرواد من
من اگر ره گم زدم در راه خویش
شادمانم که توئی ارشاد من
خود تو بتوانی گرامی داشتن
یشت من ، زردشت من ، انشاد من
آتش زردشت در چشمان توست
آتش عشق نخست ایجاد من
تا به درگاه ابد خواهد رسید
“مثنوی “و " شاهنامه " زاد من
می رسد بر چرخ از گلدسته هات
آه من ، افغان من ، فریاد من
باد شرطه گر نبود از سوی تو
ای دریغ از کوشش بر باد من
خامی ما را تو خواهی پخته کرد
کوره من ، کاوه حداد من
ضمن نام تو به فردا می برد
توشه تاریخ را اولاد من
در تو می بینم کمال آل خویش
ای ز صلصال ازل همزاد من
در تو می پیچم چو گل بر بته ای
خانه ایمان من ، میعاد من
استاد لایق
3 months ago | [YT] | 323
View 54 replies
Kitobkhon
3 months ago | [YT] | 298
View 32 replies
Kitobkhon
🪶АКАДЕМИКҲОИ ВОҚЕЪИИ ТОҶИКРО БИШНОСЕМ!
№ 2
Султон Умаров (1908-1964), физикдон, номзади илмҳои физикаву математика ва дуввумин президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон баъд аз вафоти устод Садриддин Айнӣ.
Ӯ хидматҳои бузурге дар соҳаи илми физика ва математика дар Тоҷикистон ва Узбакистон анҷом дода, яке аз поягузорони илми муосир дар ин кишварҳо мебошад. АКАДЕМИК Султон Умаров аз аввалин номзадҳои илмҳои физикаю математика дар Осиёи Марказӣ ҳам ба ҳисоб меравад.
Соли 1957 баъд аз вафоти устод Айнӣ, аввалин президенти Академияи илмҳо Тоҷикистон олимони тоҷик якдилона Султон Умаровро президенти ин ниҳод интихоб карданд ва то соли 1964 дар ин мақом кор кард.
Ҳамчун як донишманди барҷаста АКАДЕМИК Султон Умаров соҳиби даҳҳо китобу мақолаву монаграфияҳои илмӣ дар соҳаи физикаву математика мебошад, ки бо ин ҳама ӯ натанҳо дар илми тоҷик балки дар ташаккули илми ҷаҳон низ нақши худро гузоштааст.
PS: АКАДЕМИК Султон Умаров ягон вақт ба асардуздӣ ё “плагиат” мутаҳам нашудааст. Олимону донишмандони дохилу хориҷ ба кору фаъолиятҳои ӯ баҳои баланд дода, Султон Умаровро яке аз асосгузорони илми муосир дар Тоҷикистон ва Узбакистон медонанд.
آکادمیک های واقعی را بشناسیم!
شماره ۲
سلطان عمروف (۱۹۰۸-۱۹۶۴)، فیزیکدان، نامزد علوم فیزیک و ریاضیات و دومین رئیس آکادمی علوم تاجیکستان پس از وفات استاد سدرالدین عینی.
او خدمتهای بزرگی در سنت علم فیزیک و ریاضیات در تاجیکستان و ازبکستان انجام داده و یکی از بنیانگذاران علم معاصر در این کشورها میباشد. آکادمیک سلطان عمروف از اولین نامزدهای علوم فیزیک و ریاضیات در آسیای مرکزی نیز به حساب میرود.
سال ۱۹۵۷ بعد از وفات استاد عینی، اولین رئیس آکادمی علوم تاجیکستان، عالمان تاجیک یک دلانه سلطان عمروف را پرزیدنت این نهاد انتخاب کردند و او تا سال ۱۹۶۴ در این مقام کار کرد.
همچون یک دانشمند برجسته، آکادمیک سلطان عمروف صاحب دهها کتاب، مقاله و مونوگرافی علمی در زمینه فیزیک و ریاضیات میباشد که با این همه او نه تنها در علم تاجیک بلکه در شکلگیری علم در جهان نیز نقش خود را گذاشته است.
آکادمیک سلطان عمروف هیچگاه به اثر دزدی یا "پلاگیات" متهم نشده است. عالمان و دانشمندان داخل و خارج به کار و فعالیتهای او بهای بلند داده، سلطان عمروف را یکی از اساسگزاران علم معاصر در
تاجیکستان و ازبکستان میدانند.
LET'S GET TO KNOW TRUE ACADEMICIANS!
№ 2
SULTON UMAROV (1908-1964), Physicist, Candidate of Physics and Mathematics, and the Second President of the Academy of Sciences of Tajikistan after the death of Ustod Sadriddin Aini.
Sulton Umarov, a physicist and mathematician, made significant contributions to the fields of physics and mathematics in Tajikistan and Uzbekistan. He is considered one of the founders of modern science in these countries. Academician Sulton Umarov is also one of the first candidates in the fields of physics and mathematics in Central Asia.
In 1957, after the death of Ustod Aini, the first president of the Academy of Sciences of Tajikistan, Tajik scholars unanimously elected Sulton Umarov as the president of the institution, and he held this position until 1964.
As an outstanding scholar, Academician Sulton Umarov authored numerous books, articles, and monographs in the fields of physics and mathematics, contributing not only to Tajik science but also to the development of world science.
PS: Academician Sulton Umarov was never accused of plagiarism or "plagiarism." Scholars and scientists both inside and outside the country have highly evaluated his work, and Sulton Umarov is considered one of the founders of modern science in Tajikistan and Uzbekistan.
📖 Китобхонро дар Telegram, Instagram, Facebook, TikTok ва Вконтакт пайгир бошед
3 months ago | [YT] | 176
View 16 replies
Load more