Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, навиштааст, ки ҳукмро додгоҳи ноҳия рӯзи 20-уми ноябр содир кард.
"Устобобоеваро ҳафтаи гузашта аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ бурданд. Вай то он замон дар озодӣ буд”, - гуфтааст манобеи ин расона.
Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст. Пайвандон, аз ҷумла бародару фарзандонаш нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Ин зан вакили мудофеъ ҳам надоштааст.
Ҷониби даъвогар, хонаводаи Тоҷибоевҳо, гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфтаанд, ки ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва агар ҷонибҳо шикоят кунанд, эҳтимол он вақт бозбинӣ гардад.
Баҳси ду оила аз он ҷо сар зад, ки моҳи июни имсол тани беҷону овезони Суғдиёна Тоҷибоеваро аз оғил ёфтанд. Ӯ дар синфи 9-ум мехонд ва ба қавли наздиконаш “ҳамон рӯз бояд дар мактаб имтиҳон месупурд”.
Наздикони Суғдиёна аз он сабаб модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ гунаҳкор медонанд, ки гуё ӯ чанд рӯз пеш аз худкушӣ наврасро истинтоқ карда, ба навор гирифтааст.
Ҷаласаи мазкур аз имрӯз оғоз шуда, то пагоҳ 27-уми ноябр идома мекунад. Дар он сарони кишварзои аъзои СААД, ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима ва чанд қарори дигарро қабул мекунанд.
Аsia-Plus TV
5 days ago | [YT] | 57
View 20 replies
Аsia-Plus TV
5 days ago | [YT] | 42
View 18 replies
Аsia-Plus TV
Ҳар як тоҷикистонӣ дар як сол 35,9 кг гӯшт истеъмол мекунад. Ин яке аз пасттарин нишондиҳанда дар ҷаҳон мебошад.
6 days ago | [YT] | 65
View 71 replies
Аsia-Plus TV
Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки маблағгузории буҷавии бахши сӯзишворӣ-энергетикиро дар соли 2026 қариб 80% зиёд намояд, ки сухан дар бораи 15 миллиард сомонӣ (зиёда аз 1,6 миллиард доллари ИМА) меравад ва ин 22,4% аз хароҷоти умумии буҷаи давлатӣ мебошад.
Ба ақидаи мутахассисон, қисми назарраси ин маблағҳо барои анҷом додани сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии (НБО) Роғун равона карда мешавад.
Дар соли 2008, вақте татбиқи лоиҳаи Роғун аз нав оғоз гардид, арзиши он 3 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Ҳоло он 6,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад
Барои маблағгузории анҷоми сохтмони Роғун, бо шарикони рушд созишномаҳо ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар баста шудаанд, ки аз ҷумла грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ (650 миллион доллар), қарзҳои Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (500 миллион доллар), Бонки исломии рушд ва фондҳои арабӣ (450 миллион доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 миллион доллар) мебошанд. Музокирот оид ба маблағи 1,7 миллиард доллари дигар идома дорад.
6 days ago (edited) | [YT] | 83
View 49 replies
Аsia-Plus TV
Азиза Устобобоева, як сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, дӯстдоштаи писараш ба 5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, навиштааст, ки ҳукмро додгоҳи ноҳия рӯзи 20-уми ноябр содир кард.
"Устобобоеваро ҳафтаи гузашта аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ бурданд. Вай то он замон дар озодӣ буд”, - гуфтааст манобеи ин расона.
Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст. Пайвандон, аз ҷумла бародару фарзандонаш нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Ин зан вакили мудофеъ ҳам надоштааст.
Ҷониби даъвогар, хонаводаи Тоҷибоевҳо, гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфтаанд, ки ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва агар ҷонибҳо шикоят кунанд, эҳтимол он вақт бозбинӣ гардад.
Баҳси ду оила аз он ҷо сар зад, ки моҳи июни имсол тани беҷону овезони Суғдиёна Тоҷибоеваро аз оғил ёфтанд. Ӯ дар синфи 9-ум мехонд ва ба қавли наздиконаш “ҳамон рӯз бояд дар мактаб имтиҳон месупурд”.
Наздикони Суғдиёна аз он сабаб модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ гунаҳкор медонанд, ки гуё ӯ чанд рӯз пеш аз худкушӣ наврасро истинтоқ карда, ба навор гирифтааст.
Аз ҷумла, модараш, Гулойим Тоҷибоева, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: "Чаро ба писари ман навиштӣ, чаро бо писарам ишқварзӣ мекунӣ, ман туро шарманда мекунам, ба прокуратура менависам гуфта доду вой кардааст. Духтари ман тарсидааст. Духтар худашро беҳуда меовехтагӣ набуд. Хондан мехост, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид ва худро овехтан дар хаёлаш ҳам набуд."
Дар ҳоле ки мақомот ва пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева ин занро барои ба худовезӣ расондани духтари наврас гунаҳкор донистаанд, худи ӯ пештар дар суҳбати бидуни микрофон ин расона гуфта буд, вазъият он тавре нест, ки даъвогарон тасвир мекунад. Вай гуфта буд, танҳо мехост, аз оқибатҳои эҳтимолии ногуворе, ки дар пайи ошиқии писараш бо духтари наврас пеш биояд, ҷилавгирӣ намояд.
Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024-ум 259 зану духтар худкушӣ ё қасд ба ҷони худ кардаанд. Дар байни онҳо ноболиғон низ ҳастанд. Равоншиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро беэътиноии волидон ба эҳсоси наврасон ва надонистани тарзи муомила бо онҳо дар айёми ҳассоси зиндагӣ медонанд.
Дар акс: Суғдиёна Тоҷибоева
Акс: аз Радиои Озодӣ
1 week ago | [YT] | 48
View 17 replies
Аsia-Plus TV
Имрӯз, 26-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кардааст.
Ба иттилои расмӣ, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҷаласаи мазкур аз имрӯз оғоз шуда, то пагоҳ 27-уми ноябр идома мекунад. Дар он сарони кишварзои аъзои СААД, ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима ва чанд қарори дигарро қабул мекунанд.
1 week ago | [YT] | 151
View 26 replies
Аsia-Plus TV
Дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон рӯзи 28-уми ноябр пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад.
Ин пешниҳод аз сӯи шайх Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ироа шудааст.
Ба навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон, ин тасмим дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсол гирифта шудааст.
“Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, - навиштааст манбаъ.
Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд.
Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.
1 week ago | [YT] | 236
View 104 replies
Аsia-Plus TV
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд.
💡Маҷлиси ҳукумат имрӯз, 25-уми ноябр доир шуда, дар он, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки “фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад”.
Дар маҷлис Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардидааст, ки ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, он бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ” таҳия гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалӣ кардани барномаи мазкур, аз ҷумла, дар назар аст, ки содироти барқ ба 5 млрд.киловат соат расонида мешавад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ин барнома то ба 3% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва то 9% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқро пешбинӣ мекунад.
Дар идомаи маҷлиси ҳукумат лоиҳаи чанд қонун ва барномаҳои давлатӣ муҳокима гардидааст.
1 week ago | [YT] | 76
View 22 replies
Аsia-Plus TV
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзҳои 26-27 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора хабаргузории қирғизии “Кактус” бо истинод ба ҳукумати ин кишвар хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ширкат мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар хусуси ширкати раисҷумҳур дар ҷаласаи СААД иттилои расмӣ надодаанд.
Ҳамоиш таҳти роҳбарии Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон баргузор мегардад.
“Дар доираи ҷаласа имзои беш аз даҳ қарор ба нақша гирифта шудааст, ки ба тақвияти минбаъдаи механизмҳои дифои дастаҷамъӣ, такмили ҳамкории кишварҳои аъзо дар масъалаҳои амният ва васеъ кардани ҳамкорӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ замина мегузоранд”,-навиштааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Orda.kz” навиштааст, ки дар ҷаласа сарони кишварзои аъзои СААД, ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима мекунанд.
Ба навиштаи хабаргузории ТАСС дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин Дабири кулли СААД низ иваз хоҳад шуд, ва ба эҳтимоли зиёд Имангалӣ Тасмағамбетовро дар ин мақом Толотбек Масадиков, намояндаи Қирғизистон иваз мекунад. Толотбек Масадиков ҳоло муовини Дабири кулли СААД мебошад.
Бояд гуфт, соли ҷорӣ раёсат дар СААД-ро Қирғизистон бар дӯш гирифта буд, ки соли оянда қарор аст раёсати ин созмон ба уҳдаи Русия вогузор гардад.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД дар Остонаи Қазоқистон бо ширкати сарони кишварҳои аъзои созмон баргузор шуда буд. Дар доираи ин ҷаласа сарони кишварҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро имзо карда буданд.
---
Дар акс: Ҷасалаи Шӯрои амнияти СААД дар соли 2024
Сурат: аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
1 week ago | [YT] | 111
View 7 replies
Аsia-Plus TV
Мане, Феликс, Брозович... дар Душанбе. Аммо Роналду ба Тоҷикистон наомад
Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес..., ки дар дастаи “Ан-Наср” бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд.
Рақобати “Истиқлол” бо “Ан-Наср” дар доираи даври 5-уми Лигаи уюми қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, соати 18:45 оғоз мешавад. Дар бозии аввали дастаҳо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Риёз доир шуд, “Ан-Наср” бо ҳисоби калони 5:0 “Истиқлол”-ро ноком карда буд.
Ҳардуи даста ҳамроҳ бо “Аз-Завра”-и Ироқ ва “Гоа”-и Ҳиндустон дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа қарор доранд. Ҳоло “Ан-Наср” бо 12 имтиёз садрнишини гурӯҳ буда, “Аз-Завра” ва“Истиқлол” бо доштани 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” бо 0 имтиёз дар ҷои охир қарор доранд.
1 week ago | [YT] | 51
View 19 replies
Load more