Аsia-Plus TV
Дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон рӯзи 28-уми ноябр пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад. Ин пешниҳод аз сӯи шайх Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ироа шудааст. Ба навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон, ин тасмим дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсол гирифта шудааст. “Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, - навиштааст манбаъ. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд. Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.
1 week ago | [YT] | 236
Аsia-Plus TV
Дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон рӯзи 28-уми ноябр пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад.
Ин пешниҳод аз сӯи шайх Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ироа шудааст.
Ба навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон, ин тасмим дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсол гирифта шудааст.
“Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, - навиштааст манбаъ.
Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд.
Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.
1 week ago | [YT] | 236