Аsia-Plus TV

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд.

💡Маҷлиси ҳукумат имрӯз, 25-уми ноябр доир шуда, дар он, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки “фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад”.

Дар маҷлис Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардидааст, ки ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, он бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ” таҳия гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалӣ кардани барномаи мазкур, аз ҷумла, дар назар аст, ки содироти барқ ба 5 млрд.киловат соат расонида мешавад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ин барнома то ба 3% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва то 9% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқро пешбинӣ мекунад.

Дар идомаи маҷлиси ҳукумат лоиҳаи чанд қонун ва барномаҳои давлатӣ муҳокима гардидааст.

1 week ago | [YT] | 76