Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.
Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.
Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Нуъмон Саидов аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.
“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - қаблан гуфта буд Иброҳимов.
Маъмулан дар ҷанозаҳо қабл аз адои намози ҷаноза бар майит имом аз мардум пурсон мешавад, ки агар марҳум аз касе қарздор бошад, бо далел муроҷиат кунанд, то наздиконаш онро падохт намоянд. Ҳамчунин, касе аз майит қарздор бошад, ба пайвандонаш баргардонад.
Гоҳо талаби қарз дар ҷаноза ба моҷаро мепечад. Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки мақомот аз шикоят дар ин маврид хабар медиҳанд.
Сохтори батареяи офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Акс аз altsolar.ru
Панели офтобӣ чӣ гуна кор мекунад?
Пеш аз харидани батареяҳои офтобӣ донистани сохтор ва усули кори онҳо муҳим аст. Панелҳои офтобӣ нури офтобро ҷамъ карда, ба туфайли тарқибҳои аксу барқӣ онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд.
Олимон: “Тоҷикистон 20%-и талабот ба барқро метавонад аз ҳисоби энергияи офтоб қонеъ созад”
Вақте ки нури офтоб ба қишри аксу барқии панел меафтад, он ба ҳарккати электронҳо байни ду қишри мавод боис мегардад. Ин ҳаракат ҷараёни барқро ба вуҷуд меорад. Як қишр нерӯи мусбат ва дигараш - манфӣ мегирад.
Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира мешавад, ки онро нигоҳ медорад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.
Сипас инвертор ҷараёни доимиро ба тағйирёбанда бо қувваи 220 В табдил медиҳад, ки аз он метавон барои таъмини дастгоҳҳои маишӣ бо барқ истифода бурд.
Боз чиро донистан муҳим аст?
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфтанд, ки пеш аз харидан аз фурӯшанда ҳатман талаб кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ лозим аст. Ин пеш аз ҳама, барои бехатарӣ лозим мебошад.
Аsia-Plus TV
Дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо низ дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад. Дастури марбута аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27 ноябр ба имзо расид.
Дар санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.
Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе ҳанӯз то имзо ва нашри дастури мазкур хабар медоданд, ки дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ба муддати чанд соат субҳ ва шомгоҳон барқ нест ва бар асари ин, онҳоро лозим меояд, ки зиёд навбатпойӣ кунанд.
Мутаносибан, ин ба норасоии таксиҳо оварда расонидааст.
Таксиронҳои пойтахт мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 60 киловатт-соат барқ сарф мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар пойтахт тақрибан 15 ҳазор электромобили таксӣ кор мекунанд.
Яъне сарфи барқ аз ҷониби онҳо дар маҷмӯъ 900 кВт/соат дар як шабонарӯз, яъне зиёда аз 20% аз истеҳсоли миёнаи шабонарӯзии барқ дар кишварро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса, истеъмолгари маишӣ дар пойтахт ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 15 кВт/соат барқ истифода мекунад. Мутаносибан хароҷоти як электромобили таксӣ ба хароҷоти чор оила баробар аст.
Ҳамчунин истифодаи электромобилҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва корхонаву идораҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибони чунин мошинҳо мегӯянд, ки онҳо дар як шабонарӯз 15-20 кВт/соат барқ истифода мекунанд, ки ба хароҷоти як хонавода баробар мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст.
Агар ба назар гирем, ки нисфи онҳо таксӣ (бо шумули дигар шаҳру навоҳӣ) буда, нисфи дигар мошинҳои шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо аст, пас хароҷоти миёнаи шабонарӯзии онҳо ҳудуди 1,6 млн кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне зиёда аз 3,6% аз ҳаҷми миёнаи истеҳсоли барқ дар саросари ҷумҳурӣ.
Илова бар ин, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт зиёда аз 60 автобуси барқӣ ё худ электробусҳо ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар як рӯз тақрибан 300 кВт/сат барқ истифода мебарад. Дар назар аст, ки то охири сол шумори чунин электробусҳо то 90 адад расонида шавад.
Ғайр аз ин, агар ба назар гирем, ки бисёре аз электромобилҳо дар шаҳр ба сифати микроавтобусҳо ё худ хатсайрҳои маршруткаҳо (таксиҳои 10-сомона) ва таксиҳои байни шаҳрҳо равуо мекунанду рӯз то рӯз писандида мешаванд, пас ин рақамҳо ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар мешаванд.
Ҳамчунин, равуои троллейбусҳо низ идома дорад, ки онҳо ҳам аз барқ истифода мекунанд. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт кайҳост, ки кор мекунанд ва ҳарф задан дар бораи афзоиши назарраси истифодаи барқ бар асари зиёд шудани шумораи чунин навъи нақлиёт қобили қабул нест.
2 hours ago | [YT] | 22
View 12 replies
Аsia-Plus TV
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар посух ба онҳое, ки аз ҳузури муҳоҷирон ва соҳибтахассусу забондон набудани онҳо шикоят мекунанд, тавсия дод, ба даст ҷорӯб гирифта, ба ҷои муҳоҷирон ба тоза кардани кӯчаҳои Маскав бароянд.
“Ман ба ин коршиносон тавсия медиҳам, агар ин қадар шавқманд ҳастанд, ҷорӯб ба даст гиранд ва бо диплому рисолаи доктории худ барои кор ба хиёбонҳои Маскав раванд. Ман фикр намекунам, ки онҳо ин корро кунанд. Пас кӣ ин корро мекунад? Яъне, мо бояд муҳоҷиронро бо дипломи олии касбӣ ҷалб кунем, ки ҷойҳои сокинони соҳибихтисоси Маскавро гиранд. Оё сокинони Маскав бо ҷорӯб кӯчаҳоро тоза мекунанд? Ман ин мантиқро намефаҳмам”, - гуфтааст шаҳрдори Маскав.
Ӯ дар як барномаи телевизионӣ рӯзи 3-юми декабр афзудааст, “худоро шукр, ҳастанд муҳоҷироне, ки чунин кори сахт ва ихтисоси пастро ба уҳда мегиранд”.
Собянин илова кардааст, ки аз соли 2018 теъдоди муҳоҷирон дар Маскав тағйир наёфта, афзоиши густурдаи муҳоҷирон ҳам вуҷуд надорад.
Ҳамзамон, ӯ ба омори ВКД-и Русия такя карда, гуфтааст, бо вуҷуди афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ дар Русия “ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби муҳоҷирон коҳиш ёфтааст”.
Собянин изҳор доштааст, ки бо вуҷуди ин шаҳрдории Маскав ҷараёни муҳоҷиратро назорат мекунад.
1 day ago | [YT] | 282
View 42 replies
Аsia-Plus TV
Айбдоркунандаи давлатӣ (додситон) ба Сайфулло Азимов, яке аз гумонбари куштори пурсарсуадои модар бо се фарзанди ноболиғаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст.
Ҷузъияти бадастовардаи “Азия-Плюс” то мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба ин қазия
Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.
Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.
Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Нуъмон Саидов аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.
“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - қаблан гуфта буд Иброҳимов.
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.
1 day ago | [YT] | 29
View 15 replies
Аsia-Plus TV
Сабаби норасоии барқ дар Тоҷикистон дар чист?
1 day ago | [YT] | 19
View 7 replies
Аsia-Plus TV
Мақомот дар Данғара алайҳи як мард, ки гуфта мешавад, сари роҳи тобути ҳамдеҳаашро гирифта, даъвои пардохти қарз кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин бора ВКД хабар дода, гуфтааст, ки ин моҷаро рӯзи 20-уми октябр дар ҷанозаи як сокини 72-солаи ноҳияи Данғара рух додааст.
“...марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия овозаи бардурӯғ бароварда, ки гуё марҳум аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, сари роҳи тобуташро гирифта, ин маблағро гирифтааст”, - гуфтааст ин ниҳод.
ВКД аз тарафҳо ном набурдааст. Танҳо гуфтааст, ки дар асоси аризаи писари 40-солаи марҳум бар зидди 62-сола бо гумони “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” (моддаи 250 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи ин иттиҳом, ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари гумонбар дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.
Маъмулан дар ҷанозаҳо қабл аз адои намози ҷаноза бар майит имом аз мардум пурсон мешавад, ки агар марҳум аз касе қарздор бошад, бо далел муроҷиат кунанд, то наздиконаш онро падохт намоянд. Ҳамчунин, касе аз майит қарздор бошад, ба пайвандонаш баргардонад.
Гоҳо талаби қарз дар ҷаноза ба моҷаро мепечад. Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки мақомот аз шикоят дар ин маврид хабар медиҳанд.
2 days ago | [YT] | 22
View 8 replies
Аsia-Plus TV
Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб, ки 12 сол ҳукми зиндон гирифта буд, пас аз 5 сол ба озодӣ баромадааст.
Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, номбурда ҳудуди ду ҳафта пеш озод шудааст. Як манбаи дигари мо бо тасдиқи ин хабар гуфт, Иноятзода “шартан ва пеш аз муҳлат” ба озодӣ баромадааст, аммо сари чанд вақт мақомотро аз ҳузури худ дар маҳалли зисташ огоҳ мекунад.
Мақомот то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.
Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 боздошт ва моҳи ноябри ҳамон сол ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.
Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора дар ҳаҷми калон, азхудкунии молу мулки ба зиммааш гузошташуда, қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.
Он вақт наздикони ӯ гуфта буданд, ки Иноятзода ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, бегуноҳ аст.
Баҳром Иноятзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар соли 2019, раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли 2020, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010”-ро танқид кард.
Ӯ рӯзи боздошташ бо фармони раисҷумҳури кишвар аз мансаб барканор шуда буд.
2 days ago | [YT] | 41
View 8 replies
Аsia-Plus TV
Насб ва истифода аз панелҳои офтобӣ. Иҷозатнома лозим аст ё не?
Ҳамчунин, маълум кардем, ки онро аз куҷо метавон харид ва дуруст насб кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд. Пас аз ин, дар ҷомеа насбу истифода аз панелҳои офтобӣ доғ шуд ва корбарони зиёди "Азия-Плюс" суол карданд, ки оё барои насбу истифодаи панелҳои офтобӣ иҷозаи хос зарур аст.
Мо бо ин савол ним сол пештар ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муроҷиат карда, посух гирифта будем. Дар ин матлаб посухи ин ва дигар суолҳое, ки дар бораи насбу истифодаи панелҳои офтобӣ аст, гирдоварӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки соли гузашта Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон фармоишеро тасдиқ намуд, ки мутобиқи он зимни сохтмон ва таъмиру навсозии иншоот истифодаи ҳатмии системаҳои барқии офтобӣ талаб карда мешавад.
Ин маънои онро дорад, ки ба ҷуз шабакаи барқи маъмулӣ, биноҳо бояд бо панелҳои офтобии дорои имкони захираи нерӯ барои шаб муҷаҳҳаз бошанд.
Лекин чӣ метавон кард, агар хонаи шумо аллакай сохта шудааст? Шумо метавонед барои хонаи худ чунин панел ё батарея гузоред?
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон чанд моҳ пештар гуфтанд, ки барои истифодаи шахсии панелҳои офтобӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.
“Дар қонун дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон дар бораи иҷозатномаи махсус ё манъи он чизе гуфта намешавад. Ягона чизе, ки бояд риоя кунеду донед, техникаи бехатарӣ мебошад”, - таъкид доштанд дар ин Вазорат.
Бо гузашти бештар аз 5 моҳ аз ин посухи Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар маълумоти иловагӣ дар бораи зарурати дастрас кардани иҷозаи насби панелҳои офтобӣ нашр нашудааст. Яъне дар кишвар то ҳол барои истифодаи шахсии панелҳои офтобӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардумро пеш гузошт
Панелҳои офтобиро аз куҷо харидан мумкин аст?
Имрӯз панелҳои офтобӣ барои харид дар бозор ё сомонаҳои ширкатҳои махсус, ки ин таҷҳизотро меоранд, озодона дастрас аст.
Масалан, айни замон дар бозори “Кӯшониён”-и пойтахт метавон навъҳои гуногуни панелҳои офтобиро харидорӣ намуд.
Нархи онҳо чӣ қадар аст?
Имрӯз номгӯйи васеи панелҳои офтобӣ барои харид дастрас буда, нархи онҳо тақрибан аз 1800 сомонӣ оғоз мешавад.
Маҷмӯи таҷҳизоти генераторҳои офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Маҷмӯи таҷҳизоти маъмулии генераторҳои офтобӣ аз худи панел, инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборат аст. Панелҳо нақши қабул ва манбаи нерӯро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабул ва онро ба ҷараёни барқ коркард мекунанд, ки дар идома он ба тариқи контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад.
Усули кори батареяи офтобӣ
Кӣ панелҳоро насб мекунад?
Ҳангоми харидани панел ҳатман бо фурӯшанда маслиҳат кунед, ки худаш ва ё мутахассиси дигар панелҳои шуморо насб кунад.
Батареяҳои офтобиро чӣ гуна метавон истифода бурд?
Батареяҳои офтобӣ метавонанд дар дастгоҳ ва системаҳои зиёди гуногун истифода шаванд, аз ҷумла:
- Барои системаҳои рӯшноидиҳанда;
- Барои таъмини фонус ё чароғҳои кӯча бо барқ, рӯшноӣ додан барои таваққуфгоҳҳо ё хонаҳо;
- Барои энергетикаи барқароршаванда;
- Барои манбаи энергияи неругоҳҳои бодиву офтобӣ ва дигар системмаҳои энергияи таҷдидшаванда;
- Барои дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ;
- Барои яхдону ҳавософкунакҳо ва дигар таҷҳизот, ки аз энергияи офтобӣ истифода мекунанд;
- Барои системаҳои гармидиҳӣ ва сардкунӣ;
- Барои энергияи гарм кардан ё сард кардани биноҳо.
Сохтори батареяи офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Акс аз altsolar.ru
Панели офтобӣ чӣ гуна кор мекунад?
Пеш аз харидани батареяҳои офтобӣ донистани сохтор ва усули кори онҳо муҳим аст. Панелҳои офтобӣ нури офтобро ҷамъ карда, ба туфайли тарқибҳои аксу барқӣ онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд.
Олимон: “Тоҷикистон 20%-и талабот ба барқро метавонад аз ҳисоби энергияи офтоб қонеъ созад”
Вақте ки нури офтоб ба қишри аксу барқии панел меафтад, он ба ҳарккати электронҳо байни ду қишри мавод боис мегардад. Ин ҳаракат ҷараёни барқро ба вуҷуд меорад. Як қишр нерӯи мусбат ва дигараш - манфӣ мегирад.
Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира мешавад, ки онро нигоҳ медорад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.
Сипас инвертор ҷараёни доимиро ба тағйирёбанда бо қувваи 220 В табдил медиҳад, ки аз он метавон барои таъмини дастгоҳҳои маишӣ бо барқ истифода бурд.
Боз чиро донистан муҳим аст?
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфтанд, ки пеш аз харидан аз фурӯшанда ҳатман талаб кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ лозим аст. Ин пеш аз ҳама, барои бехатарӣ лозим мебошад.
Дар ин ниҳод ҳамчунин зикр карданд, ки агар панел хариданӣ бошед, метавонед ба Вазорати энергетика муроҷиат кунед. Дар Вазорат ба шумо дар ин хусус машварат дода, ҳатто барои кумак дар насби он метавонанд мутахассисифиристанд.
Чаро насби панелҳои офтобӣ лозим аст?
Панелҳои офтобӣ таркибҳои механикӣ, барқӣ ё электронӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо барои муҳити зист комилан бехатаранд. Аз онҳо партовҳои зарарнок истеҳсол нашуда, комилан бесадо кор мекунанд ва ба солимии инсон таъсир намерасонанд.
2 days ago | [YT] | 40
View 6 replies
Аsia-Plus TV
Ӯзбекистон пас аз 4 сол дигарбора гузаргоҳи марзии Тирмиз-Ҳайратонро барои рафтуомади мусофирон миёни Афғонистону Ӯзбекистон боз кард. Ин масир соли 2021 пас аз ба қудрат расидани Толибон* дар Афғонистон баста шуда буд.
Ҳоло, ба гузориши расонаҳои Ӯзбекистон, шаҳрвандони ду кишвар, ки раводид (виза) доранд, метавонанд тариқи гузаргоҳи Тирмиз-Ҳайратон рафтуомад кунанд.
Расонаҳо навиштаанд, то кунун ба далели баста будани ин гузаргоҳ, шаҳрвандони Ӯзбекистон барои расидан ба шаҳри Мазор Шарифи Афғонистон, ки аз Айритоми Тирмиз ҳамагӣ 75 километр фосила дорад, маҷбур буданд тавассути Тоҷикистон ҳаракат кунанд, ки сафарашон як рӯз тӯл мекашид.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
2 days ago | [YT] | 45
View 11 replies
Аsia-Plus TV
1 week ago | [YT] | 57
View 20 replies
Аsia-Plus TV
1 week ago | [YT] | 42
View 18 replies
Load more