Аsia-Plus TV
Дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо низ дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад. Дастури марбута аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27 ноябр ба имзо расид. Дар санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”. Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе ҳанӯз то имзо ва нашри дастури мазкур хабар медоданд, ки дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ба муддати чанд соат субҳ ва шомгоҳон барқ нест ва бар асари ин, онҳоро лозим меояд, ки зиёд навбатпойӣ кунанд. Мутаносибан, ин ба норасоии таксиҳо оварда расонидааст. Таксиронҳои пойтахт мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 60 киловатт-соат барқ сарф мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар пойтахт тақрибан 15 ҳазор электромобили таксӣ кор мекунанд. Яъне сарфи барқ аз ҷониби онҳо дар маҷмӯъ 900 кВт/соат дар як шабонарӯз, яъне зиёда аз 20% аз истеҳсоли миёнаи шабонарӯзии барқ дар кишварро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истеъмолгари маишӣ дар пойтахт ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 15 кВт/соат барқ истифода мекунад. Мутаносибан хароҷоти як электромобили таксӣ ба хароҷоти чор оила баробар аст. Ҳамчунин истифодаи электромобилҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва корхонаву идораҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибони чунин мошинҳо мегӯянд, ки онҳо дар як шабонарӯз 15-20 кВт/соат барқ истифода мекунанд, ки ба хароҷоти як хонавода баробар мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст. Агар ба назар гирем, ки нисфи онҳо таксӣ (бо шумули дигар шаҳру навоҳӣ) буда, нисфи дигар мошинҳои шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо аст, пас хароҷоти миёнаи шабонарӯзии онҳо ҳудуди 1,6 млн кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне зиёда аз 3,6% аз ҳаҷми миёнаи истеҳсоли барқ дар саросари ҷумҳурӣ.Илова бар ин, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт зиёда аз 60 автобуси барқӣ ё худ электробусҳо ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар як рӯз тақрибан 300 кВт/сат барқ истифода мебарад. Дар назар аст, ки то охири сол шумори чунин электробусҳо то 90 адад расонида шавад. Ғайр аз ин, агар ба назар гирем, ки бисёре аз электромобилҳо дар шаҳр ба сифати микроавтобусҳо ё худ хатсайрҳои маршруткаҳо (таксиҳои 10-сомона) ва таксиҳои байни шаҳрҳо равуо мекунанду рӯз то рӯз писандида мешаванд, пас ин рақамҳо ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар мешаванд. Ҳамчунин, равуои троллейбусҳо низ идома дорад, ки онҳо ҳам аз барқ истифода мекунанд. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт кайҳост, ки кор мекунанд ва ҳарф задан дар бораи афзоиши назарраси истифодаи барқ бар асари зиёд шудани шумораи чунин навъи нақлиёт қобили қабул нест.
4 days ago | [YT] | 117
Аsia-Plus TV
Дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо низ дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад. Дастури марбута аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27 ноябр ба имзо расид.
Дар санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.
Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе ҳанӯз то имзо ва нашри дастури мазкур хабар медоданд, ки дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ба муддати чанд соат субҳ ва шомгоҳон барқ нест ва бар асари ин, онҳоро лозим меояд, ки зиёд навбатпойӣ кунанд.
Мутаносибан, ин ба норасоии таксиҳо оварда расонидааст.
Таксиронҳои пойтахт мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 60 киловатт-соат барқ сарф мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар пойтахт тақрибан 15 ҳазор электромобили таксӣ кор мекунанд.
Яъне сарфи барқ аз ҷониби онҳо дар маҷмӯъ 900 кВт/соат дар як шабонарӯз, яъне зиёда аз 20% аз истеҳсоли миёнаи шабонарӯзии барқ дар кишварро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса, истеъмолгари маишӣ дар пойтахт ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 15 кВт/соат барқ истифода мекунад. Мутаносибан хароҷоти як электромобили таксӣ ба хароҷоти чор оила баробар аст.
Ҳамчунин истифодаи электромобилҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва корхонаву идораҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибони чунин мошинҳо мегӯянд, ки онҳо дар як шабонарӯз 15-20 кВт/соат барқ истифода мекунанд, ки ба хароҷоти як хонавода баробар мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст.
Агар ба назар гирем, ки нисфи онҳо таксӣ (бо шумули дигар шаҳру навоҳӣ) буда, нисфи дигар мошинҳои шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо аст, пас хароҷоти миёнаи шабонарӯзии онҳо ҳудуди 1,6 млн кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне зиёда аз 3,6% аз ҳаҷми миёнаи истеҳсоли барқ дар саросари ҷумҳурӣ.
Илова бар ин, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт зиёда аз 60 автобуси барқӣ ё худ электробусҳо ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар як рӯз тақрибан 300 кВт/сат барқ истифода мебарад. Дар назар аст, ки то охири сол шумори чунин электробусҳо то 90 адад расонида шавад.
Ғайр аз ин, агар ба назар гирем, ки бисёре аз электромобилҳо дар шаҳр ба сифати микроавтобусҳо ё худ хатсайрҳои маршруткаҳо (таксиҳои 10-сомона) ва таксиҳои байни шаҳрҳо равуо мекунанду рӯз то рӯз писандида мешаванд, пас ин рақамҳо ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар мешаванд.
Ҳамчунин, равуои троллейбусҳо низ идома дорад, ки онҳо ҳам аз барқ истифода мекунанд. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт кайҳост, ки кор мекунанд ва ҳарф задан дар бораи афзоиши назарраси истифодаи барқ бар асари зиёд шудани шумораи чунин навъи нақлиёт қобили қабул нест.
4 days ago | [YT] | 117