ruzgor
Рафтӣ, падаро!!! Рафтӣ, падаро, манзили мо хонаи ғам шуд, Дунё ба назар қофилаи дарду алам шуд. Бас қумриякон дона зи дасти ту бичиданд, Аз рафтани ту пар-пари мурғон ҳама кам шуд. Аз сӯзиши дардат набуд огоҳӣ касеро,То дард набинем, туро дард ситам шуд. Ҳар шому саҳар замзама мекардӣ ту Қуръон,Дар хонаи мо ҳарфи Худо, ҳайф, адам шуд.Бо будани ту хонаи мо бӯйи вафо дошт, Аз рафтани ту дидаи кошона банам шуд. Ҷоят падари хушсуханам Ҷаннати ризвон, Дармони ғами бекасиям, боз қалам шуд. Шеърат бинависам, ки зи ҳиҷрони ту мурдам, Аз баъди ту ин қомати сарвам ҳама хам шуд.Ҷаҳонгири Султон
5 years ago (edited) | [YT] | 8
ruzgor
Рафтӣ, падаро!!!
Рафтӣ, падаро, манзили мо хонаи ғам шуд,
Дунё ба назар қофилаи дарду алам шуд.
Бас қумриякон дона зи дасти ту бичиданд,
Аз рафтани ту пар-пари мурғон ҳама кам шуд.
Аз сӯзиши дардат набуд огоҳӣ касеро,
То дард набинем, туро дард ситам шуд.
Ҳар шому саҳар замзама мекардӣ ту Қуръон,
Дар хонаи мо ҳарфи Худо, ҳайф, адам шуд.
Бо будани ту хонаи мо бӯйи вафо дошт,
Аз рафтани ту дидаи кошона банам шуд.
Ҷоят падари хушсуханам Ҷаннати ризвон,
Дармони ғами бекасиям, боз қалам шуд.
Шеърат бинависам, ки зи ҳиҷрони ту мурдам,
Аз баъди ту ин қомати сарвам ҳама хам шуд.
Ҷаҳонгири Султон
5 years ago (edited) | [YT] | 8