Аsia-Plus TV

Насб ва истифода аз панелҳои офтобӣ. Иҷозатнома лозим аст ё не?


Ҳамчунин, маълум кардем, ки онро аз куҷо метавон харид ва дуруст насб кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд. Пас аз ин, дар ҷомеа насбу истифода аз панелҳои офтобӣ доғ шуд ва корбарони зиёди "Азия-Плюс" суол карданд, ки оё барои насбу истифодаи панелҳои офтобӣ иҷозаи хос зарур аст.

Мо бо ин савол ним сол пештар ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муроҷиат карда, посух гирифта будем. Дар ин матлаб посухи ин ва дигар суолҳое, ки дар бораи насбу истифодаи панелҳои офтобӣ аст, гирдоварӣ шудааст.


Бояд гуфт, ки соли гузашта Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон фармоишеро тасдиқ намуд, ки мутобиқи он зимни сохтмон ва таъмиру навсозии иншоот истифодаи ҳатмии системаҳои барқии офтобӣ талаб карда мешавад.

Ин маънои онро дорад, ки ба ҷуз шабакаи барқи маъмулӣ, биноҳо бояд бо панелҳои офтобии дорои имкони захираи нерӯ барои шаб муҷаҳҳаз бошанд.

Лекин чӣ метавон кард, агар хонаи шумо аллакай сохта шудааст? Шумо метавонед барои хонаи худ чунин панел ё батарея гузоред?

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон чанд моҳ пештар гуфтанд, ки барои истифодаи шахсии панелҳои офтобӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.

“Дар қонун дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон дар бораи иҷозатномаи махсус ё манъи он чизе гуфта намешавад. Ягона чизе, ки бояд риоя кунеду донед, техникаи бехатарӣ мебошад”, - таъкид доштанд дар ин Вазорат.
Бо гузашти бештар аз 5 моҳ аз ин посухи Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар маълумоти иловагӣ дар бораи зарурати дастрас кардани иҷозаи насби панелҳои офтобӣ нашр нашудааст. Яъне дар кишвар то ҳол барои истифодаи шахсии панелҳои офтобӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.



Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардумро пеш гузошт


Панелҳои офтобиро аз куҷо харидан мумкин аст?
Имрӯз панелҳои офтобӣ барои харид дар бозор ё сомонаҳои ширкатҳои махсус, ки ин таҷҳизотро меоранд, озодона дастрас аст.

Масалан, айни замон дар бозори “Кӯшониён”-и пойтахт метавон навъҳои гуногуни панелҳои офтобиро харидорӣ намуд.


Нархи онҳо чӣ қадар аст?
Имрӯз номгӯйи васеи панелҳои офтобӣ барои харид дастрас буда, нархи онҳо тақрибан аз 1800 сомонӣ оғоз мешавад.


Маҷмӯи таҷҳизоти генераторҳои офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Маҷмӯи таҷҳизоти маъмулии генераторҳои офтобӣ аз худи панел, инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборат аст. Панелҳо нақши қабул ва манбаи нерӯро иҷро мекунанд. Онҳо равшании офтобро қабул ва онро ба ҷараёни барқ коркард мекунанд, ки дар идома он ба тариқи контроллер ба батареяҳои аккумулятор дода мешавад.


Усули кори батареяи офтобӣ


Кӣ панелҳоро насб мекунад?
Ҳангоми харидани панел ҳатман бо фурӯшанда маслиҳат кунед, ки худаш ва ё мутахассиси дигар панелҳои шуморо насб кунад.



Батареяҳои офтобиро чӣ гуна метавон истифода бурд?
Батареяҳои офтобӣ метавонанд дар дастгоҳ ва системаҳои зиёди гуногун истифода шаванд, аз ҷумла:

- Барои системаҳои рӯшноидиҳанда;

- Барои таъмини фонус ё чароғҳои кӯча бо барқ, рӯшноӣ додан барои таваққуфгоҳҳо ё хонаҳо;

- Барои энергетикаи барқароршаванда;

- Барои манбаи энергияи неругоҳҳои бодиву офтобӣ ва дигар системмаҳои энергияи таҷдидшаванда;

- Барои дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ;

- Барои яхдону ҳавософкунакҳо ва дигар таҷҳизот, ки аз энергияи офтобӣ истифода мекунанд;

- Барои системаҳои гармидиҳӣ ва сардкунӣ;

- Барои энергияи гарм кардан ё сард кардани биноҳо.


Сохтори батареяи офтобӣ аз чӣ иборат аст?
Акс аз altsolar.ru

Панели офтобӣ чӣ гуна кор мекунад?
Пеш аз харидани батареяҳои офтобӣ донистани сохтор ва усули кори онҳо муҳим аст. Панелҳои офтобӣ нури офтобро ҷамъ карда, ба туфайли тарқибҳои аксу барқӣ онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд.



Олимон: “Тоҷикистон 20%-и талабот ба барқро метавонад аз ҳисоби энергияи офтоб қонеъ созад”
Вақте ки нури офтоб ба қишри аксу барқии панел меафтад, он ба ҳарккати электронҳо байни ду қишри мавод боис мегардад. Ин ҳаракат ҷараёни барқро ба вуҷуд меорад. Як қишр нерӯи мусбат ва дигараш - манфӣ мегирад.

Барқи дар панел ҳосилшуда дар аккумулятор захира мешавад, ки онро нигоҳ медорад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор меорад ва агар баланд бошад, онро аз кор бозмедорад.

Сипас инвертор ҷараёни доимиро ба тағйирёбанда бо қувваи 220 В табдил медиҳад, ки аз он метавон барои таъмини дастгоҳҳои маишӣ бо барқ истифода бурд.


Боз чиро донистан муҳим аст?
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфтанд, ки пеш аз харидан аз фурӯшанда ҳатман талаб кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ лозим аст. Ин пеш аз ҳама, барои бехатарӣ лозим мебошад.

Дар ин ниҳод ҳамчунин зикр карданд, ки агар панел хариданӣ бошед, метавонед ба Вазорати энергетика муроҷиат кунед. Дар Вазорат ба шумо дар ин хусус машварат дода, ҳатто барои кумак дар насби он метавонанд мутахассисифиристанд.

Чаро насби панелҳои офтобӣ лозим аст?
Панелҳои офтобӣ таркибҳои механикӣ, барқӣ ё электронӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо барои муҳити зист комилан бехатаранд. Аз онҳо партовҳои зарарнок истеҳсол нашуда, комилан бесадо кор мекунанд ва ба солимии инсон таъсир намерасонанд.

4 days ago | [YT] | 45



@dilosha07

Худо накунадки аз Офтоб хам налог супорем 🤦‍♀

4 days ago | 9

@freedom-l9e

Аввал мемонан мардум ҳамаш панели часпонанд баъд коргарони налог кора сар мекунан

4 days ago | 8

@LuosLuoss

Дида истед ки чи мешавад аввал фурсат метан ки ҳама харида насб кунанд баъдан...

2 days ago | 1

@ZafarRadjabov-j4g

Хай Тоҷикистонро ку эмомали бо авлоду аждоди аҷуҷу маҷуҷаш кайҳо соҳиби карда гирифтаги бо аҳолияш ! Боз он махлуқ офтобро ҳам соҳиби кардани 😂

4 days ago (edited) | 3

@Bobojonmedia.

Биё хубш ҳичи нагум!🤨 Даҳони пушида 100 тилло!🫢🤐🤫 ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ 🧐🤷🏻‍♂️

1 day ago | 1

@S.A-i2j

ОЁ ҲАМИН АСТ КИ КИШВАРЕ КИ ЧАНД НЕРУГОҲ ДОРАД ВА АЗ ҲАМА ЗИЁД ОБ ДОРАД ВА МАРДУМАШ АЗ БЕ БАРҚИ РУ БА ПАНЕЛИ ОФТОБИ БИЁРАД ИН ЯК НО ӮҲДАБАРОИ ҲУКУМАТ АСТ ШАРМАНДАҲО ДАФШАВ ЭМОМАЛӢ ДАР ТУЛИ 34 СОЛ ПОЙТАХТАТ БЕ БАРҚ АСТ ДАФШАВ ДУЗД.

1 day ago | 1

@anvarabdulloev9105

Панелхои офтоб бепул метан ?

1 day ago | 0

@S.A-i2j

МАН ФИКР МЕКУНАМ КИ ИН ЯК ИШОРА БА МАНАПОЛИЯИ ОИЛА ТАБДИЛ МЕШАВАД.

1 day ago | 0

@sahebmassoudjan196

То вақтера и авлоди таракани гшна дар қудрат ҳаст аз офтобу аҳ ҳаво андоз месупорем.... Оли як чанд сол пас кислородмона ба налог мекунанд...

3 days ago | 1

@S.A-i2j

НА БАРҚМОН МЕТИЯН НА МЕМОНАН КИ ПАНЕЛИ ОФТОБИ НАСБ КУНЕМ ИН ДИКТАТУР ОХИРАШ САРШРО МЕХУРАД

1 day ago | 0

@zsh0007

Айбнест айб

3 days ago | 1

@МУНИСМукимов-и4т

Аник налог мешава бо и дарача умедвор набудем 2026 свет нест и намешава

1 day ago | 0