Аsia-Plus TV

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба шаҳри Шармушайхи Миср парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунад.

Дар ин бора “Ховар” хабар дода, навиштааст, ки парвозҳо ба ин масир аз 11-уми май оғоз мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳо ҳафтае як маротиба - рӯзҳои якшанбе бо ҳавопаймоҳои “Боинг 737-800” ва “Боинг 737-900” анҷом мешаванд. Ҳавопаймо аз Душанбе ба Шармушшайх давоми 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соат парвоз мекунад.

Гуфта мешавад, ки “Сомон Эйр” ин парвозҳоро дар ҳамкори бо ширкати “АНТАРЕС” (FLY.TJ) ба роҳ мемонад.

12 hours ago | [YT] | 36



@valijon1212

Тақрибан чанд пул бошад нархаш ?

10 hours ago | 0