Аsia-Plus TV
Додситони Хатлон барои содир кардани “кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад”, аз вазифа барканор шуд. Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шудааст. Манбаъ ҷузъиёти дигар, аз ҷумла мушаххас дар бораи кирдоре, ки боиси барканорӣ ва хориҷ шуданаш гардидааст, чизе нагуфтааст. Аваз Назарзода моҳи январи соли 2024 ба ҷои Абдураҳим Раҳимзода додситони Хатлон таъин шуда буд. Ӯ як муддат додситони ВМКБ ҳам буд. Ҳоло ба ҷои ӯ кӣ додситони Хатлон таъин шудааст,маълум нест.
3 days ago | [YT] | 18
Аsia-Plus TV
Додситони Хатлон барои содир кардани “кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад”, аз вазифа барканор шуд.
Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шудааст.
Манбаъ ҷузъиёти дигар, аз ҷумла мушаххас дар бораи кирдоре, ки боиси барканорӣ ва хориҷ шуданаш гардидааст, чизе нагуфтааст.
Аваз Назарзода моҳи январи соли 2024 ба ҷои Абдураҳим Раҳимзода додситони Хатлон таъин шуда буд. Ӯ як муддат додситони ВМКБ ҳам буд.
Ҳоло ба ҷои ӯ кӣ додситони Хатлон таъин шудааст,маълум нест.
3 days ago | [YT] | 18