Аsia-Plus TV

Айбдоркунандаи давлатӣ (додситон) ба Сайфулло Азимов, яке аз гумонбари куштори пурсарсуадои модар бо се фарзанди ноболиғаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст.




Ҷузъияти бадастовардаи “Азия-Плюс” то мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба ин қазия

Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.

Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.

Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Нуъмон Саидов аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.

“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - қаблан гуфта буд Иброҳимов.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.

2 days ago | [YT] | 59



@AbdullahGadoev-j5j

Агар гунахгор ами одам боша сазовори хукми абад хаст.

2 days ago (edited) | 3

@hakimisupov5071

Имрӯза чавонон тарбия надоранд .Ҳама кашола нафси худаш.Пеш аз ин кадар саргардониҳо тарбия кардан даркор фарзандҳоро дар роҳи инсондусти дар роҳи одамгари .Ин насли нав тамоман тарбия надоранд ин масала доғи рӯз аст .То тарбияи ин миллатро хуб накунем ин ҷиноятҳо кам намешаванд .Нав зан на мард тарбият надоранд бисерашон

2 days ago | 5

@Юсуф-ж6щ

Агар гунохкори асоси амин бошад ин хукм кам аст

11 hours ago | 0

@abubakrabdulloevlittlesecr9119

Позжизненый срок бо хукми парон тиян,ба дигаро ибрат шаванду дальше аминхел кушторхо Рух надиян

35 minutes ago | 0

@Алишерсаидов-х1н

Афсус ки.хукми катл нест сазовори катл аст.

2 days ago | 3

@Utilizator-n5h

Авал калта баста тачовуз, бад парондан даркор

1 day ago | 1

@ДалерАкбаров-б7ь

МО РОЗИ НЕСТЕМ ХУКМИ КАТЛ ИНИЗОРЕМ

50 minutes ago | 0

@EshmatToshmatov-g6c

Правильно

2 days ago | 0

@самиоллох-и2и

Хукми абади одилона аст нисбати ин одам

2 days ago | 2

@KhusravMachtiev

Бале хукми абад,токи азобкашида мурад дар танхои .

2 days ago | 1

@MaragWamil

Чазоша катли кунанбояд худозадара

2 days ago | 0

@МухиддинШарипов-л6щ

И одама хам хукми абад хам хдованд чазоша бта агар гунакор боша

2 days ago | 0