Аsia-Plus TV

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар бархе минтақаҳои кишвар ҳушдор додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, рӯзҳои 6 ва 7-уми ноябр дар минтақаҳои доманакӯҳиву кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвоз бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ин ҳушдори Оҷонсӣ дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи гузашта дар чанде аз минтақаҳои кӯҳии кишвар барфи зиёд борид.

Ба иттилои ҳавошиносон, моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳаво тадриҷан хунук шуда, дар бархе минтақаҳо боридани барфу борон ва омадани сел дар назар аст. Раъду барқ, чангу ғубор ва фаромадани тормеғ (туман) низ д

1 week ago | [YT] | 22