Аsia-Plus TV

Паҳлавонони тоҷик мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”-ро бо 11 медал ба анҷом расониданд

Дар охирин рӯзи мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” 13 варзишгари тоҷик ба рақобат пардохта, 3 медал - 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали тиллои варзишгарони тоҷикро рӯзи 4-уми май Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 кг ба гардан овехт.

Медали нуқраи ҷудокорони кишварро дар рӯзи охирини мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг моли худ кард.

Медали биринҷиро бошад, Кароматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки аз 2 то 4-уми май шуда гузашт, 11 медал - 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гирифтанд.

1 day ago | [YT] | 68



@SharaBulet-l6g

Медал танхо Тилои мешавад ,дигар нукраву лубиё ё нахуд ягон кадр надоранд .

1 day ago | 0