Аsia-Plus TV

Мане, Феликс, Брозович... дар Душанбе. Аммо Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес..., ки дар дастаи “Ан-Наср” бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд.

Рақобати “Истиқлол” бо “Ан-Наср” дар доираи даври 5-уми Лигаи уюми қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, соати 18:45 оғоз мешавад. Дар бозии аввали дастаҳо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Риёз доир шуд, “Ан-Наср” бо ҳисоби калони 5:0 “Истиқлол”-ро ноком карда буд.

Ҳардуи даста ҳамроҳ бо “Аз-Завра”-и Ироқ ва “Гоа”-и Ҳиндустон дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа қарор доранд. Ҳоло “Ан-Наср” бо 12 имтиёз садрнишини гурӯҳ буда, “Аз-Завра” ва“Истиқлол” бо доштани 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” бо 0 имтиёз дар ҷои охир қарор доранд.

1 week ago | [YT] | 51



@ХайдарМахмадиев

Ба дастаи Истиқлол бурд бори хоҳонем

1 week ago | 5

@GddgfcxxGddfghgf

Истиклол точикистон шарманда накунен

1 week ago | 2

@МарваритМахмудова

Ба Истиклол бурдбори хохонем 🙏🙏🙏

1 week ago | 2

@GbbfrVtyb

Ба Тоҷикистон омадани роналду чӣ фоида дорад?

1 week ago | 4

@МансурАминов-и4н

Бо хама мухлиси Роналдое

1 week ago | 2

@user-de4gj6ci5g

Мане беҳтарин инсон аст

1 week ago | 2

@alex576

Ба Точико кахрияй чи ?? 😅

1 week ago | 3

@Persian-i3p

Охи и стадиони мо бехад сифатуш поён аст. Стадиони нав шавад мебиян

1 week ago | 0

@Ахмадшох-у4у

Барои он наомад ки Точикисто ин 1 намуди афгонистон есть Шойаду афгонистон хубтар бошад юа оно может он поехал бы ради интереса Но ба Точикистон РОНАЛДУ БАХТИ КИММАТАРИНИ ХУДАШРО САРФ НАКАРД

1 week ago (edited) | 0

@Салмонҳазратов

Номад Номад як алкаш камтар як хари дачола ика боло медоре барои ман як хар хаст хар мемонад бояд МО худписанд бошем на бегона параст

1 week ago | 0

@МехробСамадов-ь2ч

кахрш кардагиай вай фаластина дастгири мекна а точикистон исроила дастгири кард наомад хайрият наомад

1 week ago | 0

@гволлылвла

Хами бо бой метия хами истиклол бози карда наметунан бо Рустам ятимов нест идоф 200 гол мезанан 😂😂

1 week ago | 0

@Utilizator-n5h

Португалй навис бесаводо. Пуртуfоли чияй. 🐏🐏

1 week ago | 0