Аsia-Plus TV

Шабакаи телевизионии “Al Jazeera” рӯзи 8 октябр дар сомонааш саргузашти шаҳрванди Тоҷикистонро навиштааст, ки дар ҷанги Русияву Украина ширкат карда, асир афтодааст. Ӯ гуфтааст, зери шиканҷа ва иҷборан бо 1,6 миллион рубл (қариб 20 ҳазор доллар) пешпардохт ва 210 ҳазор рубл (беш аз 2,5 ҳазор доллар) музди моҳона бо артиши Русия шартнома ба имзо расонида, ба ҷанг фиристода шудааст.

Хабарнигори “Al Jazeera” бо шаҳрванди Тоҷикистон ки дар асорат будааст, аввали моҳи октябр дар Киев мулоқот карда, аз ӯ мусоҳиба гирифтааст. Ин расона ба далели амниятӣ ному насаби ин асирро нанавишта, аз ӯ бо тахаллуси Муҳаммад ном бурдааст.

Мувофиқи маълумоти нашркардаи “Al Jazeera”, Муҳаммад бо мақсади муҳоҷират аз Душанбе ба Санкт-Петербург сафар карда, дар мағозае дар ин шаҳр ба кор даромадааст ва барои "патент" моҳе 6 ҳазор рубл пардохт мекардааст. Муҳаммад гуфтааст, пас аз чанд моҳ пулиси Русия ба делели напардохтани ҳаққи “патент” ӯро боздошт кардааст.

Муҳаммад ба ин расона гуфтааст, ки ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа ва маҷбур кардаанд, бо артиши Русия шартнома баста, ба ҷанги зидди Украина равад.

Бо ваъдаи додани шаҳрвандии Русия

“Al Jazeera” аз қавли Муҳаммад навиштааст, ки “афсари рус ваъда дод, ки дур аз хатти пеш ҳамчун посбон хидмат хоҳад кард ва дар шаш моҳ шаҳрвандии Русияро мегирад. Вале баъд аз омӯзиши кӯтоҳ ӯро ба минтақаи шарқии Украина фиристоданд, ки дар он ҷо ҷангҳои шадид ҷараён доштаанд”.

Муҳаммад ба ин расона гуфтааст, ки дар марказҳои омӯзишӣ мусулмонони бисёре аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон буданд.

“Аксарият маҷбуран ба артиш кашида шуда буданд. Намоз хондан манъ буд ва ҳар рӯз табъизи нажодӣ ва динӣ эҳсос мешуд”, гуфтааст Муҳаммад.

Ба қавли ӯ, аз ҳамаи сарбозоне, ки дар хатти пеш будаанд, ҳуҷҷатҳо ва телефонҳояшонро гирифтаанд ва дар як рӯз як зарфи хурди об ва ду-се шоколад мехӯрдаанд.

“Дар сафи пеш чанд сарбози куштаву захмиро дидам. Хостам ба захмиён ёрӣ расонам, вале фармондеҳ тавассути радио огоҳӣ дод, ки ба зармиҳо кӯмак нарасонам. Дар он лаҳза фаҳмидам, ки ҷони ман ҳам арзиш надорад ва маро низ ба осонӣ метавонанд гузоранд, то бимирам”, - гуфтааст Муҳаммад.



​​​​​​​
Ба навиштаи “Al Jazeera”, Муҳаммад ва чанде аз ҷангҷӯёни Русия дар пайи даргириҳо бо сарбозони украинӣ асир афтодаанд. Ӯ гуфтааст, ки украиниҳо “аз интизораш беҳтар бо ӯ рафтор кардаанд”.

Ин расона менависад, ки Муҳаммад аз эҳтимолияти табодул ва бозгашт ба Русия метарсад, зеро мувофиқи маълумоти созмонҳои ҳуқуқи башар, Русия асирони бозгардонидашударо боз ба хатти пеш мефиристад.

“Онҳо маро боз ба ҷанг мебаранд, боварии комил дорам, то вақте ки намирам ё даст ё пойямро аз даст надиҳам, аз ман даст намекашанд. Аз ин рӯ, аз эҳтимоли ивази гаравгонҳо метарсам. Ба Тоҷикистон низ баргашта наметавонам, зеро барои пайвастан ба артиши кишвари дигар то 12 сол зиндонӣ мешавам”, - гуфтааст ӯ.
“Al Jazeera” навиштааст, Муҳаммад ҳоло хоҳиш мекунад, ки барои артиши Украина ҷанг кунад, то шаҳрвандии Украина гирифта, оилаашро аз Тоҷикистон биёрад.

Санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин гуфтаҳо барои “Азия-Плюс” ғайриимкон аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҳузури шаҳрвандонашро дар ҷанги Русия алайҳи Украина шарҳ надодааст. Аммо ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

Танҳо чанде пеш Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ”, - гуфт Ҳабибуло Воҳидзода.

Теъдоди ҷангҷӯён аз ОМ дар артиши Русия чӣ қадар аст?​​​​​​​ Дар поёни ҳамин матлаб телеграм ё сомонаи мо хонед.

3 days ago | [YT] | 25