Аsia-Plus TV
Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон, ки рӯзҳои 5-6 май дар шаҳри Шерози Эрон баргузор мешавад, масоили афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин Ҳамоиши сармоягузорӣ ва соҳибкории ҳарду ҷониб доир гардид. Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идора амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон гирдиҳам омаданд. Дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба имконоти рушду ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва кори бонкӣ, гумрук, бахшҳои маориф, тандурустӣ, таъминот бо об, энергетика, бахши кишоварзӣ ва дигар самтҳо табодули назар мекунанд. Зимни суханронӣ дар форум муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ фаъолона ислоҳот роҳандозӣ мекунад. Зикр шуд, ки ислоҳоти мазкур барои соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кафолатҳои қонунӣ ва бартариятҳои соҳавиро пешбинӣ менамояд. Дар ин робита аз соҳибкорону сармоягузорони эронӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, аз ин имтиёзҳо баҳравар гарданд ва барои густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошанд. Шероз ва Душанберо хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад? Раиси вилояти Форс Ҳусейналӣ Амирӣ иброз доштааст, ки тайи солҳои ахир муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистон босуръат дар ҳоли рушд мебошанд. Ӯ зикр кардааст, ки Шероз дар соҳаҳои сайёҳии тиббӣ ва фарҳангӣ аз имконоти зиёд бархӯрдор аст. Айни замон теъдоди зиёди тоҷикон барои табобат ба Шероз омада, ҳамзамон аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳр, ки мероси ягонаи умумии мардуми форсзабонанд, боздид мекунанд. Дар ҳамин ҳол, то ҳол байни шаҳри Душанбе ва Шероз хатсайри мустақими ҳавоӣ амал намекунад...Давоми матлабро дар шарҳи аввали саҳифаи инстаграми Азия-Плюс мутолиъа кунед
14 hours ago | [YT] | 29
@SharaBulet-l6g
Бисер хабари Зур .
4 hours ago | 1
@Достон-н5х
Офарин форсизабонон хамдиланд
14 hours ago | 2
@ДустдориВатан-с5г
МашоАллоҳ беҳтарин Аллоҳ нигаҳбонатон бошад Форсизабонони олам 🇮🇷🇹🇯🇦🇫
14 hours ago | 1
Аsia-Plus TV
Дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон, ки рӯзҳои 5-6 май дар шаҳри Шерози Эрон баргузор мешавад, масоили афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин Ҳамоиши сармоягузорӣ ва соҳибкории ҳарду ҷониб доир гардид.
Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идора амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон гирдиҳам омаданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба имконоти рушду ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва кори бонкӣ, гумрук, бахшҳои маориф, тандурустӣ, таъминот бо об, энергетика, бахши кишоварзӣ ва дигар самтҳо табодули назар мекунанд.
Зимни суханронӣ дар форум муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ фаъолона ислоҳот роҳандозӣ мекунад.
Зикр шуд, ки ислоҳоти мазкур барои соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кафолатҳои қонунӣ ва бартариятҳои соҳавиро пешбинӣ менамояд.
Дар ин робита аз соҳибкорону сармоягузорони эронӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, аз ин имтиёзҳо баҳравар гарданд ва барои густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошанд.
Шероз ва Душанберо хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад?
Раиси вилояти Форс Ҳусейналӣ Амирӣ иброз доштааст, ки тайи солҳои ахир муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистон босуръат дар ҳоли рушд мебошанд.
Ӯ зикр кардааст, ки Шероз дар соҳаҳои сайёҳии тиббӣ ва фарҳангӣ аз имконоти зиёд бархӯрдор аст. Айни замон теъдоди зиёди тоҷикон барои табобат ба Шероз омада, ҳамзамон аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳр, ки мероси ягонаи умумии мардуми форсзабонанд, боздид мекунанд. Дар ҳамин ҳол, то ҳол байни шаҳри Душанбе ва Шероз хатсайри мустақими ҳавоӣ амал намекунад...
Давоми матлабро дар шарҳи аввали саҳифаи инстаграми Азия-Плюс мутолиъа кунед
14 hours ago | [YT] | 29